Боз ҳам ду баддаҳон дастгир шуданд

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз боздошти боз ҳам ду дағалгуфтор хабар дод.

Тибқи гузориш, Баҳриддин Собиров, корманди нуқтаи фурӯши сӯзишвории «Восток», воқеъ дар кӯчаи Борбади ноҳияи Фирдавсӣ, ки соли таваллудаш 1996 ва истиқоматкунандаи ноҳияи Ховалинг будааст ва хазиначии нуқтаи фурӯши сӯзишвории мазкур Идигул Холиқова, соли таваллудаш 1996, сокини шаҳри Душанбе ба гумони вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ дастгир карда шудаанд.

Гуфта мешавад, ки ҷинояткорон дар асоси навори дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашргардида, ки вокунишҳои манфии шаҳрвандонро ба миён овардааст, боздошт шуданд. Тибқи навор 5-уми июн номбурдагон бо сабабҳои ночизе бо ҳам муноқиша намуда, бо алфози қабеҳ шаъну шарафи ҳамдигарро паст задаанд.

Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Б. Собиров ва И. Холиқова тибқи талаботи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, бо мақсади чораандешӣ ба Суди ноҳияи Фирдавсӣ ирсол карда шудааст. Суд нисбати ҳар кадоме аз номбурдагон ҷазо дар намуди ҷаримаи маъмурӣ ба андозаи 10 нишондиҳанда таъин намудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *