АМИТ «Ховар» — агентии иттилоотии сол

Аввалин рӯзномаи давлатии Ҷумҳурии Мухтори Тоҷикистон соли 1925 бо номи «Иди тоҷик» таъсис ёфта буд, ки имрӯз бо номи «Ҷумҳурият» нашр мешавад. Абулқосим Лоҳутӣ аз аввалин муҳаррирони рӯзномаи «Иди тоҷик» буд.

Бино ба натиҷаҳои назарпурсие, ки Академияи воситаҳои ахбори омма ва Иттифоқи журналистони Тоҷикистон доир кардаанд, Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» агентии иттилоотии сол номида шуд. Натиҷаҳои ин назарпурсӣ санаи 11 март, дар ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик, ки дар толори Театри академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ  баргузор гардид,  эълон карда шуд.

Хотиррасон мешавем, ки ба ифтихори Рӯзи матбуоти тоҷик ва муайян кардани ғолибон аз рӯи номинатсияҳои  «Агентии сол»,  «Шабакаи телевизионии сол», «Шабакаи радиоии сол»,  «Рӯзномаи (ҳафтаномаи) сол» ва «Маҷаллаи сол», «Дастрастарин маркази матбуоти  мақомту идораҳо» Академияи ВАО ва  Иттифоқи журналистони Тоҷикистон назарсанҷӣ гузаронида, дар Рӯзи матбуоти тоҷик   ғолибонро қадрдонӣ намуданд.  Ҳамчунин дар ҷамъомади ба ифтихори Рӯзи матбуоти тоҷик, ки бо иштироки доираи васеи рӯзноманигорон, собиқадорони матбуоти тоҷик сурат гирифт, Ёрадмчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода,  Вазири фарҳанги Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода ва Раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зинатулло Исмоилзода иштирок ва суханрони намуданд.

Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода  зимни ифтитоҳи ҷамъомад Рӯзи матбуоти тоҷикро аз қабили падидаҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар арзёбӣ намуда, зикр кард, ки  он  бо ибтикори Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 1995  инҷониб дар саросари Тоҷикистон расман  ҷашн гирифта мешавад. Рӯзи матбуоти тоҷик  ба чопи нахустин рӯзномаи тоҷикӣ «Бухорои шариф», ки шумораи аввалинаш 11 марти соли 1912 интишор ёфта, дастраси хонандагон гардида буд,  иртибот дорад. Ҳамасола  ин сана чун иди касбии кормандони воситаҳои ахбори омма, матбуот ва табъу нашр  таҷлил  карда мешавад.

Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода роҷеъ ба роҳи тайкардаи матбуоти тоҷик сухан гуфта, нақши рӯзноманигоронро дар тарғибу ташвиқи дастовардҳои солҳои соҳибистиқлолии кишвар ва баррасии муҳимтарин масъалаҳои ҳаёти ҷомеа муҳим ва арзанда арзёбӣ намуд. Номбурда аз рӯзноманаигорон даъват ба амал овард, ки боз ҳам дар самти фаъолияти худ масъулиятшинос ва дар баррасии  масъалаҳои доғи ҷомеа дақиқназар бошанд.

Дар идомаи ҷамъомади тантанавӣ  барандагони  Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи устод Абулқосим Лоҳутӣ қадрдонӣ гардида, сипас ғолибон аз рӯйи номинатсияҳои  «Агентии сол»,  «Шабакаи телевизионии сол», «Шабакаи радиоии сол», «Рӯзномаи (ҳафтаномаи)  сол» ва «Маҷаллаи сол», «Дастрастарин маркази матбуоти  мақомоту идораҳо»  бо дипломи Академияи ВАО ва Иттифоқи журналистони Тоҷикистон  бо диплом сарфароз гардонида шуданд.

Хотиррасон мешавем, ки  тибқи  маълумоти тадқиқотчиёни рӯзноманигории ватанӣ, маҳз дар ҳамин рӯзи соли 1912 аввалин шумораи рӯзномаи тоҷикии «Бухорои шариф» аз чоп баромадааст.  Шурӯъ аз соли 1994 Рӯзи матбуот 11 март- дар рӯзи чопи аввалин шумораи рӯзномаи «Бухорои Шариф» таҷлил мешавад. Аввалин рӯзномаи давлатии Ҷумҳурии Мухтори Тоҷикистон соли 1925 бо номи «Иди тоҷик» таъсис ёфта буд, ки имрӯз бо номи «Ҷумҳурият» нашр мешавад. Абулқосим Лоҳутӣ аз аввалин муҳаррирони рӯзномаи «Иди тоҷик» буд, ки дар баробари эҷодиёти ниҳоят ғановатмандаш дар рушди матбуоти тоҷик низ хизматҳои шоён ба анҷом расонидааст. Дар давраҳои минбаъда низ аксари адибони маъруфи мо ва умуман аҳли қалам фаъолияти худро аз воситаҳои ахбори омма оғоз карда,  бо онҳо ҳамкории доимӣ доштанд. Онҳо бо ҳамин роҳ дар рушди матбуоти миллӣ саҳми намоён гузоштанд.

Бознашр аз «Ховар»

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *