«Ҷоми Журналистон-2019» моли ТВ “Варзиш” шуд!

Дар ин майдондорӣ голҳои ТВ “Варзиш”-ро Меҳровари Кишвар покер, Давлати Муҳаббат дубл ва як голи дигарро Гулруз Худоназарзода муаллифӣ намуда, пирӯзии онҳоро бо ҳисоби калони 7:2 таъмин намуданд.

Санаи 11 март, дар Маҷмааи варзишии “Манеж” бозии ниҳоии «Ҷоми Журналистон-2019» байни дастаҳои ТВ “Варзиш” ва ТВ “Сафина” баргузор шуд. Дар ин майдондорӣ футболбозони ТВ “Варзиш” аз худ маҳорати баланд нишон дода, дастаи рақибро голборон намуда бо ҳисоби 7-2 ғалаба карданд.

Дар ин майдондорӣ голҳои ТВ “Варзиш”-ро Меҳровари Кишвар покер, Давлати Муҳаббат дубл ва як голи дигарро Гулруз Худоназарзода муаллифӣ намуда, пирӯзии онҳоро бо ҳисоби калони 7:2 таъмин намуданд. Зинаи дуюм насиби ТВ “Сафина” ва ҷои сеюмро бошад, рӯзномаи ”Омӯзгори ҷавон» — и ДДОТ ба номи С.Айнӣ касб намуд. Инчунин дастаҳо аз ҷониби масъулини ин чорабинӣ бо нишон ва тӯҳфаҳои хотирави қадрдонӣ шуданд. Хотиррасон мекунем, ки дар ин мусобиқаи Меҳровари Кишвар футболбози ТВ “Варзиш” унвони беҳтарин бозигари мусобиқаро соҳиб шуд. Дар маросими ҷоизасупории мусобиқа Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Аҳтам Рустам иштирок намуда, ғолибонро қадрдонӣ намуд.

«Ҷоми Журналистон-2019». Финал

ТВ “Варзиш” – ТВ “Сафина” -7:2

Голҳои ТВ “Варзиш”: Меҳровари Кишвар (4 гол), Давлати Муҳаббат (2 гол), Гулруз Худоназарзода (1 гол).

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *