Ҳамла ба дафтари вазири пешини дохилаи Афғонистон

Вазорати корҳои дохилии Афғонистон эълон кард, ки дар натиҷаи ҳамла ба дафтари “Раванди сабз”-и Амрулло Солеҳ, вазири собиқи дохила дар Кобул 20 нафар бо шумули 14 ғайринизомӣ кушта шуда ва беш аз 50 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Дар ин ҳамла Амрулло Солеҳ, ки ҳамзамон номзади муовинати Ашраф Ғанӣ дар интихоботи қарибулвуқӯъи раёсати ҷумҳурӣ дар Афғонистон аст, ҷон ба саломат бурдааст.

Неруҳои амниятии афғон 85 ғайринизомиро, ки  дар ин бино ҳузур доштанд, наҷот дода ва ба маҳали амн интиқол додаанд.

Дар ин даргирӣ ҳамаи 4 ҳамлагар ҳалок шуданд. То ҳол ҳеч гурӯҳе масъулияти ин ҳамларо ба ӯҳда нагирифтааст.

Ҳамлаи гурӯҳи мусаллаҳ ба дафтари Амрулло Солеҳ, номзади муовинати Ашраф Ғанӣ дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар рӯзи аввали оғози маъракаи қаблазинтихоботӣ сурат гирифт.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *