Як мансабдори ноҳия 5 200 сомонӣ ҷарима шуд

Ҷамолиддин Ғуломов, сардори Раёсати кишоварзии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ барои риоя накардани Қонун “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо қарори суди ноҳия 5 ҳазору 200 сомонӣ ҷарима шудааст.

Тавре ки раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Убайдуллои Файзулло зимни нишасти матбуотӣ гуфт, номбурда ҳангоми баргузории тӯйи арусию домодии писараш талаботҳои ин қонунро вайрон намуда, ду маротиба маърака оростааст.

Раиси ноҳия илова кард, ки Ҷамолиддин Ғуломов ҳоло  дар рухсатии меҳнатӣ қарор дошта  ва баъди ба кор баргаштанаш аз вазифа озод хоҳад шуд.

 Ҳамзамон, Акобир Ҳакимзода, мудири бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ гуфт, давоми шаш моҳи соли ҷорӣ дар ноҳия шаш ҳолати риоя накардани Қонун “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба қайд гирифта шуда ва омилон муҷозот шудаанд.

Машраби Аловиддин

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *