Ҳамла ба масҷиди шиаҳо, 24 тан кушта ва даҳҳо захмӣ баҷо гузошт
Дар ҳамлаи интиҳории шоми сешанбеи 1-уми август дар калонтарин масҷиди шиаиён дар шаҳри Ҳироти Афғонистон, ҳадди ақал 24 тан кушта шуда ва даҳҳо тани дигар ҷароҳат бардоштаанд. Ба гуфтаи мақомоти маҳаллӣ, шахси ҳамлакунанда пас аз тирандозӣ ба сӯи намозгузорон, худро дар ин масҷид инфиҷор додааст. Маҳдӣ Ҳадид, намояндаи Ҳирот дар порлумони Афғонистон бо «ҳавлнок» тавсиф кардани ин ҳодиса, шумораи афродеро, ки дар ин масҷид ҳузур доштанд, 300 нафар гуфтааст. Вай афзудааст, ки имкон дорад шумораи қурбониён афзоиш ёбад. Ҳанӯз ҳеҷ гурӯҳе масъулиятиин ҳамларо ба ӯҳда нагирифтааст. Дар як соли гузашта борҳо ақалияти шиаи Афғонистон аз сӯи гурӯҳҳои тундрав аз ҷумла ДИИШ, мавриди таҳдид ва ҳамла қарор гирифтаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ