Ҳамла бо корд ба муҳоҷири тоҷик
Субҳи 29 январ як шаҳрванди 36-солаи Тоҷикистонро дар назди истгоҳи метрои «Ломоносовская” дар канори дарёи Неваи шаҳри Сантк-Петербурги Русия бо корд задаанд. Ҷавонмарди тоҷик аз миён ва зонуи чапаш захмӣ шудааст. Ӯ ҳоло дар бемористон таҳти табобат қарор дорад.
Хабаргузории маҳаллии«Конкретно.Ру” аз қавли мақомоти пулиси шаҳри Санкт-Петербурги Русия хабар дод, ки як шаҳрванди 36-солаи Тоҷикистон субҳи 29 январ, соати тахминан 10:30 дар назди истигоҳи метрои «Ломоносовская” ҳадафи ҳамлаи шахси ношинос қарор гирифтааст. Ҳамлагар ба миён ва зонуи чапи муҳоҷири тоҷик чанд зарбаи корд задааст.
Манбаи «Конкретно.Ру” мегӯяд, ки ҷавонмарди тоҷик худро то манзилаш дар кӯчаи Бабушкин расонда, сипас «Ёрии таъҷилӣ”-ро даъват кардааст. Ӯро дар ҳолати шоки дараҷаи як дар бемористон хобондаанд.
Муҳоҷири тоҷик ба корманди пулис гуфтааст, ки ҳамлагарро намешиносад, чунки ҳамлагар аз қафо ҳамла кард ва ӯ рӯяшро дида натавонист. Тафтиши қазия идома дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ