Толеъномаи 31 январи 2018

 

Ҳамал ( 21 март-20 апрел)

Аксари нафароне, ки дар мучали ҳамал тавлид ёфтаанд, дар ин рӯз зудранҷу ҳасос гашта, ҳама гуна танқиду эродро ба дил наздик қабул мекунанд. Барои он ки ҷароҳат набардоред, дар роҳ эҳтиёт бошед. Барои бароҳат гаштани хобатон то ними шаб бедор нишастанро маслиҳат намедиҳем. Дар муносибатҳои ошиқона тағйироте дида намешавад. Дар масъалаҳои молиявӣ ба фикри касе гӯш надиҳед.

Савр ( 21 апрел – 22 май)

Дар ин рӯз вазъи саломатӣ ташвиш намедиҳад, вале ба ҳар ҳол барои пешгирӣ намудани бемориҳо аз хӯроки равғанин ва тунд худдорӣ намоед. Қабл аз он ки дӯстдоштаи худро ба суҳбати ҷиддӣ даъват мекунед, нағзакак андеша намоед. Агар нияти ҷудошавиро дошта бошед, ба шитобкорӣ роҳ надиҳед. Дар масъалаҳои молиявӣ муваффақ мегардед.

Ҷавзо ( 23 май-21 июн)

Яку якбора аз уҳдаи чанд мушкилии касбие баромада метавонед, ки ҳамкоронатон баромада натавониста буданд. Миёнаи рӯз барои хариди калон мусоид аст. Баъди нисфирӯзӣ ба сафари роҳи дур баромаданро тавсия намедиҳем. Ҳам вақти зиёдро аз даст медиҳеду ҳам дилгир мегардед. Хатари гум кардани чизи қиматбаҳоятон вуҷуд дорад. Барои беҳтар гаштани саломатӣ бештар дар ҳаракат бошед, вале гардан ва миёнро аз шамолкашӣ эҳтиёт кунед.

Саратон (22 июн- 22 июл)

Барои нафароне, ки дар вазифаҳои роҳбарикунанда фаъолият менамоянд, рӯзи бобарор меояд. Бемалол метавонед хариди калон кунед. Асаби худро аз эҳсосоти манфӣ эҳтиёт кунед. Агар имкони истироҳат карданро надошта бошед, ақаллан рӯзро дар танҳоӣ гузаронед. Нафароне, ки бо сабаби хароҷоти зиёд қарздор шудаанд, мушкили худро бо маслиҳати пайвандон рафъ карда метавонанд.

Асад ( 23 июл – 23 август)

Чандон рӯзи бобарор нест. Мушкилӣ ҳам дар кору ҳам дар хонаатон сар зада метавонад. Кӯшиши яку якбора тағйир додани зиндагии худро накунед, вагарна фишори руҳӣ боиси бад гаштани вазъи саломатиятон мегардад. Ба нозу инҷиқиҳои наздиконатон диққат надода, шумо муҳити оилавиро аз ҷангу муноқиша эмин медоред.

Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)

Дар ҷойи кор аз ҷониби роҳбарият танқиду эрод шунида, табъатон хира мегардад. Наздикон аз беаҳамиятии шумо шиква мекунанд. Дар ин рӯз саломатиятон ташвиш намедиҳад. Дар масъалаҳои молиявӣ бе маслиҳати ҳамкорон аз уҳдаи кор баромада наметавонед. Ба саломатии шахсе, ки дӯсташ медоред, диққат диҳед.

Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)

Рӯзи бобарор аст. Масъалаҳои молиявӣ роҳи ҳалли худро меёбанд. Пурхурӣ боиси баланд шудани сатҳи холестерин дар хун мегардад, аз ин рӯ, андозаро нигоҳ доред. Барои беҳтар сохтани муносибатҳои ошиқона бояд рафтори худро тағйир диҳед. Шахси дӯстдоштаатон ба шумо танҳо хушбахтӣ мехоҳад, аз ин рӯ, камбудиву ғалатҳояшро мадди назар намоед.

Ақраб ( 24 октябр- 22 ноябр)

Мушкилиҳои дар ин рӯз сарзада хеле ҷиддиянд, вале ҷидду ҷаҳде, ки шумо доред, боиси зуд бартараф гаштанашон мегардад. Асабоният на танҳо боиси бад гаштани вазъи саломатӣ, балки боиси душвор шудани муносибат бо атрофиён мегардад. Баъди нисфирӯзӣ барои мулоқоти ошиқона созгор аст.

 Қавс ( 23 ноябр- 21 декабр)

Ба реҷаи хӯроки худ диққати хоса диҳед. Аз гӯшт худдорӣ намуда, ба саломатиятон фоида мерасонед. Бештар маҳсулоти ширӣ ва сабзавот истеъмол намоед. Маблағи пулиеро, ки барои меҳнати худ интизор ҳастед, рӯзҳои наздик ба даст меоред, бо дили пур аз пайи корҳои дигар шавед. Муносибатҳои ошиқонае, ки нав оғоз ёфта истодаанд, ояндаи нек доранд.

Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)

Дар ин рӯз бо нафароне вохӯрӣ намоед, ки ба дастгирияшон умед доред. Нафароне, ки ба ҳамкори худ ошиқ мешаванд, ба касбу корашон зарар намерасад. Барои табобати бемориҳо беҳтараш аз гиёҳҳои табобатӣ истифода баред. Баъди нисфирӯзӣ хабари аҷиб мешунавед.

Далв ( 21 январ- 20 феврал)

Дар ин рӯз бо сабаби бехобӣ ва камҳаракатӣ ҳам табъатон хира мегардаду ҳам худро бад ҳис мекунед. Баъди нисфирӯзӣ суҳбати ошкоро бо аҳли оила нофаҳмиҳоро рафъ месозад. Саломатиятон аз чӣ гуна будани хӯрок ва истироҳати шумо вобастагӣ дорад. Ба нуқтаи назари шахси дӯстдоштаатон гӯш дода, аз баҳсу мунозира раҳоӣ меёбед.

Ҳут ( 21 феврал- 20 март)

тимолиба даст омадани даромади пулӣ дар назар аст, мушкили молиявиеро, ки вақтҳои охир шуморо азият медиҳад, рафъ сохта метавонед. Агар худро нотоб ҳис кунед, бо худтабобаткунӣ машғул нашуда, ба табиб муроҷиат кунед. Мулоқоти ошиқона табъатонро болида месозад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *