Баъди се никоҳ зан дузахӣ мешавад?

Мо як гурӯҳи калони  занҳои хонашин чанд вақт боз сари як мавзӯъ баҳс карда истодаем. Яке аз занҳое, ки ҳамнишини мо аст, мегӯяд, ки агар зан аз се шавҳар ҷудо шуда, бори чорум никоҳ кунад, зиндагиаш ҳалол аст, вале рӯи ҷаннатро намебинад. Ин зан китоби “Фазоилаъмолро” ҳамчун тасдиқкунандаи суханҳояш далел меорад, вале мо ба гуфтаҳои ӯ чандон бовар надорем. Фаҳмидан мехоҳем, ки андешаи ин зан аз нигоҳи дини мубини ислом ягон асос дорад ё не?  

Хонандаҳои  “Оила”.

Посух

Дар китобҳо андешаҳои гуногуни олимон вуҷуд доранд, вале ин маънои онро надорад, ки ҳамаи ин гуфтаҳо мақбул ва дастури шаръӣ ҳастанд. Ҳазрати Абдуллоҳ Ибни Аббос (р.з) шоҳи муфасирин ба мақбараи  Пайғамбари (с) ишора карда гуфтаанд, ки  ба ҷуз қавли Паёмбар (с) дигар ҳама ақвол қобили қабул ва радро дорад. Чуноне аз таърихи Паёмабар (с) маълум мегардад, ба ҷуз Оишаи сидиққа  (р.з) боқимондаи ҳамсаронашон бевазан ва ҳатто соҳиби фарзанд буданд. Пайғамбар (с) дар шаби меъроҷ гуфтанд, ки дидам аксари аҳли  ҷаҳаннам аъзб, (яъне зани бешавҳару марди беҳамсар) буданд. Ишора ба ин аст, ки Худованд мардро барои зан, занро барои мард офаридааст, ҳар як инсон то лаҳзаҳои охири худ ҳамсар дошта бошад. Ин ҳадиси Пайғамбар аст, ки ба гуфтаи он олим ба ин ҳадис таззод дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *