Ҳамлагарон ба бинои Сафорати Чин шиносномаи тоҷикиро аз куҷо соҳиб шуданд?

Дар ҳамла ба бинои сафорати Чин дар Қирғизистон ду шаҳрванди Тоҷикистон айбдор дониста мешаванд.

Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон бо пахши хабаре гуфтааст,ки ҳамлагарон ба бинои Сафорати Чин дар Бишкек бо худ шиносномаи тоҷикӣ доштаанд.

Ба иттилои мақомоти қирғиз, яке аз омилони ҳамлаи интиҳорӣ ӯйғур буда, аммо шиносномааш таҳти рақами «М626881» дар Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст ва ба Зоир Халилов(соли таваллудаш 15.01.1983) тааллуқ дорад.

Ба иттилои расмӣ, уйғуре, ки бо худ шиносномаи тоҷикӣ дошт, узви Ҳаракати исломии Туркистони Шарқӣ дар Сурия будааст.

Ҳамчунин  дигар аз ширкатдорони таркиши маргталабона дар Бишкек Иззатуло Сотибоев, аз узбакҳои вилояти Ӯш, муаррифӣ шудааст, ки ҳоло таҳти пайгард қарор дорад. Сотибоев тамринҳои террористиро дар Сурия гузашта, моҳи июни соли равон бо шиносномаи тоҷикии Бобоҷонов Фирдавс вориди Бишкек шудааст.

Ҳамла ба бинои Сафорати Чин дар Қирғизистон 30-юми август ба амал омад.

Тавре хабар дода будем 30-уми августи соли равон ронандаи як мошине, ки маводи тарканда дошт, мошинро дар назди сафорати Чин тарконд. Манбаъ мегӯяд ронанда кушта ва се тани дигар захмӣ шуданд. Аммо захмиҳо муҳофизони сафорат аз ҷумлаи шаҳрвандони худи Қирғизистон будаанд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *