Раҳмихудо Додихудоев Тоҷикистонро дар Паралимпиадаи Рио муаррифӣ мекунад

 

Раҳмихудо Додихудоев танҳо варзишгарест, ки  Тоҷикистонро дар Бозиҳои XV тобистонаи паралимпӣ дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия муаррифӣ мекунад. Ӯ дар давидан ба масофаҳои 200 ва 400 метр ширкат меварзад.

Ҳайати варзишии Тоҷикистон, ки аз чаҳор нафар (як варзишгар – Раҳмихудо Додихудоев, ду шахси расмӣ – Сафар Боев, раиси Кумитаи паралимпии Тоҷикистон ваАбдурауф Олимов, дабири кулли ин кумита, — инчунин тарҷумон) иборат аст,  3 сентябр тавассути ҳавопаймо бо хатсайри Душанбе – Маскав – Лиссабон – Рио-де-Жанейро ба Бразилия сафар кард.

Бозиҳои тобистонаи паралимпӣ дар Рио-де-Жанейрои Бразилия аз 7 то 18 сентябрбаргузор мешаванд. Дар назар аст, ки дар ин бозиҳо 4350 варзишгар аз 179 кишвари ҷаҳон барои 528 маҷмӯи медалҳо дар 22 намуди варзиш рақобат хоҳанд кард. Маросими ифтитоҳи ботантанаи бозиҳо рӯзи 7 сентябр барпо мегардад.

Раҳмихудо Додихудоев, ки 26-сола аст, дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Дар айёми кӯдакӣ вай ба бемории остеомиелит гирифтор шудааст ва пизишкон натавонистаанд, ки устухони дасти чапи ӯро муолиҷа намоянд.

Зимнан, Раҳмихудо Додихудоев мошинеро, ки ба ӯ бародараш тақдим кардааст, барои одамкашӣ истифода карда, рӯзгорашро пеш мебарад. Аз ин рӯ имкони ба варзиш пайваста машғул шуданро надорад.

«Ман аввал худро дар давидан ба масофаи кӯтоҳтарин — 100 метр —  санҷидам, вале  дар ин масофа чандон муваффақ нашудам, бинобар ин баъдан ба масофаи миёна — 400 метр — гузаштам”, — мегӯяд Раҳмихудо Додихудоев.

Раҳмихудо соли 2014-ум дар Бозиҳои осиёӣ дар шаҳри Инчони Кореяи Ҷанубӣ дар давидан ба масофаи 400 метр миёни варзишгарони имконияташон маҳдуд мақоми шашумро касб кардааст.

Ӯ соли 2015-ум дар шаҳри Сочии Русия дар мусобиқоти байналмилалӣ миёни варзишгарони маълул масофаи 400 метрро чорумин шуда тай кард ва ба ҳаққи ширкат дар Бозиҳои паралимпии Рио-де-Жанейро мушарраф шуд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *