Ҳамлагарон ба Мударрис Мӯсоев дастгир шуданд
Мақомоти тафтишотии Русия мегӯянд, ҳамлаи моҳи феврал алайҳи навраси тоҷик Мударрис Мӯсоев ва 6 ҳамлаву як куштори дигар кори дасти як гурӯҳи миллатгаро бо номи «Националистическое подполье России” аст. Ду узви ин гурӯҳ дар боздошт қарор доранд.
Кумитаи тафтишоти Русия гурӯҳи миллатгарои «Националистическое подполье России”-ро масъули дасти кам 7 ҳамла ва як куштор дар заминаи адовати миллӣ, ки дар шаҳри Қазони ҷумҳурии Тотористон аз 23 декабри соли 2016 то 4 марти соли ҷорӣ, яъне дар байни ҳамагӣ дувуним моҳ анҷом шудааст, номид.
Додгоҳи шаҳри Қазон рӯзи 12 декабр ду узви боздоштшудаи «Националистическое подполье России” –Руслан Архипови 22-сола ва Роман Халилови 20-соларо то 1 июн ба ҳабс гирифт.
Намояндаи Кумитаи тафтишот дар додгоҳ гуфт, аъзои ин гурӯҳи миллатгаро ҳамлаҳои худ ба афроди «ғайрирус”-ро бо телефон сабт карда, дар Интернет мегузоштанд. Онҳо ҳамчунин дар Интернет аз номи «Националистическое подполье России” масъулияти ҳамлаҳои миллатгароёна дар шаҳри Қазонро ба дӯш гирифта, бо ваҷд менавиштанд, ки боз як «ғайрирус”-ро ҷазо додаанд.
Ба гуфтаи тафтишот, ҳамла ба навраси тоҷик Мударрис Мӯсоев низ кори дасти ҳамин гурӯҳ аст.
Мударрис Мӯсоев шоми 5 феврал, соати тақрибан 19:30 дар истгоҳи «Ул.Сафиуллина” ҳадафи ҳамла қарор гирифт. Миллатгароён ҳангоми убур аз гузаргоҳи зеризаминӣ ба Мударрис ҳамла оварда, бо арматура ба сараш задаанд. Дар натиҷа Мударрисро аз ноҳияи мағзи сар ҷароҳати вазнин бардошта, косахонаи сараш шикаст ва ӯро дар ҳолати мадҳушӣ ба бемористон бурданд.
Мударрис танҳо баъди ду ҳафта ба ҳуш омад, вале табибон мегӯянд, барои пурра барқарор кардани саломатии ӯ анҷоми чанд ҷарроҳии ҷиддӣ лозим аст.
Мударрис Мӯсоев аз он насли муҳоҷирони тоҷик аст, ки дар мусофират дар Русия ба дунё омада ва дар ҳамин мулки мусофирӣ ба воя расидаанд.
Архипов ва Халилов рӯзи 6 март дастгир шуданд. Ҳоло ба онҳо барои куштору ҳамлаҳо дар заминаи адовати миллӣ ва таблиғи кинаву адоват дастикам 15 соли зиндон таҳдид мекунад.
Онҳо ҳатто дар додгоҳ аз кардаҳои худ изҳори пушаймонӣ накарданд ва вақте додрас пурсид, ки медонед, ба чӣ айбдор мешавед?, Роман Халилов гуфт, ки «мо як сиёҳпӯстро куштему тамом.”
Руслан Архипов ҳам дар додгоҳ гуфт, «агар даркор мешуд, ба бозори Қазон рафта, тамоми тоҷирони ғайрирусро саросар мепаррондем.”
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ