Парвандаи куштори духтари 16 соларо ба Додгоҳи олӣ фиристоданд

Парвандаи қатли як духтари 16-сола дар шаҳри Турсунзода барои муҳокима ба Додгоҳи олии Тоҷикистон фиристода шудааст. Мирзошариф Шарифов, сарпрокурори шаҳри Турсунзода гуфтааст, ин парванда қабл аз онки ба додгоҳ равад, як ҳафта дар баррасии Додситонии кулл қарор дошт.

Ӯ гуфт, бар асоси ин парванда ду хонандаи мактаби шаҳри Турсунзода ба “куштор” ва Мирзомуддин Мирзораҳимов – мудири собиқи маркази ташхиси тиббиву судӣ – барои “додани маълумоти бардурӯғ” дар бораи ин ҳодиса муттаҳаманд. “Ҳарчӣ дар салоҳияти мо буд, анҷом додем ва акнун эълони ҳукм бар зиммаи додгоҳ аст”, — афзуд ӯ.

Қатли духтари 16-сола дар шаҳри Турсунзода дар рӯзи 2 феврали имсол яке аз ҳодисаҳои пурсарусадо дар матбуоти кишвар буд. Дар аввал гуфта мешуд, ки гӯё духтар худкушӣ кардааст. Бобои духтар Низомиддин Исомиддинов баъди се ҳафтаи марги наберааш гуфтааст, маъмурони милиса ҷасади ду рӯз нопадидшудаи набераашро оварда, ба онҳо доданд ва гуфтанд, ки “ӯ худкушӣ кардааст”.

Аммо баъдан Додситонии шаҳри Турсунзода бо такя ба тафтиши пешакӣ гуфт, духтар қурбонии “моҷарои ошиқона” шудааст. Ба гуфтаи муфаттишон, робитаи ошиқонаи духтари 16-сола бо хонандаи синфи 11-и як мактаб баъдан ба ҷанҷол печид ва боис ба кушта шуданаш шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *