Ҳамлаи ҳавоӣ16 нафар кушта барҷо гузошт

Гурӯҳи ҳуқуқи башари Сурия, қароргоҳаш дар Лондон, рӯзи 25 март гуфт, ки дар ҳамлаи ҳавоӣ болои як зиндон дар вилояти Идлиб дастикам 16 нафар кушта шудаанд. Вилояти Идлиб таҳти тасарруфи шӯришиён қарор дорад ва нерӯҳои давлатии Сурия ҳамлаҳои худро болои ин минтақа шиддат бахшидаанд. Бахши шимолу ғарби Идлиб аз тарафи шӯришиёни таҳти Туркия назорат шуда, манотиқи дигари он таҳти контроли гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” қарор дорад. Маркази Идлиб умдатан аз тарафи шӯришиёни “Фатҳи Шом” ё “Ҷабҳат-ун-нусра”-и собиқ назорат мешавад. Дар шаш соли даргириҳои Сурия беш аз 320 ҳазор нафар кушта шудаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *