Тошканд – Душанбе 4 апрел парвози нахустин

Намояндагии «Узбекистон ҳаво йулларӣ», ширкати давлатии Узбакистон, ба фурӯши билетҳо дар масири Душанбе – Тошканд – Душанбе шуруъ кардааст. Орифҷон Рӯзимуродов, намояндаи расмии ин ширкат дар Тоҷикистон, рӯзи 25 март гуфтааст, ки арзиши роҳкиро дар ҳоли ҳозир 1200 сомонӣ буда, дарёфти билет тавассути ширкати «Антарес» (fly.tj) имконпазир аст. Рӯзимуродов гуфтааст, парвози нахустини мунтазам тавассути ширкати «Узбекистон ҳаво йулларӣ» рӯзи 4 апрел дар назар аст.

«Як ҳафта боз ба фурӯши билетҳо оғоз кардаем. Дар инҷо сабтином шудем, аммо ҳанӯз дафтари расмӣ боз нашудааст. То замони парвози нахустин дафтар ҳам кушода хоҳад шуд», — гуфтааст ӯ. Рӯзимуродов афзуд, феълан парвозҳо миёни Тошканду Душанбе дар ҳафтае як бор – рӯзи сешанбе – анҷом мешаванд.

«Дар сурати ҷалби муштариҳои зиёд ҳатман бар асоси нақша парвозҳо дар ҳафтае ду бор сурат мегиранд», — таъкид дошт намояндаи расмии «Узбекистон ҳаво йулларӣ». Ин дар ҳолест, ки «Сомон Эйр»-и Тоҷикистон, ширкати масъули парвоз дар масири Душанбе – Тошканд – Душанбе ҳанӯз аз оғози парвози мунтазами ҳавопаймоҳояш дар ин масир хабар надодааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *