Ҳамлаи ҷавобии Трамп ба Башор Асад (Видео)
Амрико субҳи барвақти 7 апрел барои бори аввал як пойгоҳи ҳавоии артиши Сурияро ҳадафи ҳамлаи мушакӣ қарор дод. Раисиҷумҳури Амрико Доналд Трампро ин ҳамла бо ҳудуди 50 мушакро посух ба ҳамла бо силоҳҳои кимиёӣ болои мардуми осоишт, ки 86 кушта ба ҷо гузошт, номид.
Амрико барои бори аввал дар роҳи муҷозоти режими раисиҷумҳури Сурия Башор Асад аз ҳамлаи мушакӣ кор бурд ва субҳи 7 апрел болои як пойгоҳи ҳавоии Шайрат дар ғарби Сурия ҳудуди 60 мушаки навъи «Томагавк” андохт. Ин мушакҳо аз як киштии низомии Амрико дар баҳри Миёназамин партоб шуда, ба гуфтаи мақомоти Пентагон, ҳавопаймоҳо, радарҳо ва амборҳои маводи сӯхт дар пойгоҳи Шайратро ба ҳадаф доштаанд.
Доналд Трамп гуфт, ин ҳамла вокуниш ба ҳамлаи рӯзи 4 апрел бо истифода аз силоҳҳои кимиёвӣ болои мардуми осоишта дар шаҳри Хон Шайхуни Сурия аст, ки дастикам 86 кушта ба ҷо гузошт. Амрико ва муттаҳидонаш нирӯҳои содиқ ба Башор Асадро масъули он ҳамлаи кимиёвӣ мешуморанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ