Муҳоҷири тоҷик дар фурудгоҳ фавтид

Шаҳрванди 54-солаи Тоҷикистон Мирзамир Ёқубов субҳи 7 апрел дар фурудгоҳи шаҳри Сургути Русия ҳангоми сабти ном ба парвози Сургут- Хуҷанд аз ҳуш рафта, вафот кардааст. Мирзамиp хеле мехост ба Ватан баргардад ва намедонист, ки ба фурудгоҳ ба истиқболи маргаш меравад.

Мирзамир Ёқубов, сокини 54-солаи шаҳраки Нафтободи Исфара субҳи 7 апрел дар фурудгоҳи Сургут даргузашт. Ӯ мехост бо парвози Сургут – Хуҷанд ба Ватан баргардад, вале ҳангоми сабти ном ба ин паровоз аз ҳуш рафт. Табибони «Ёрии таъҷилӣ” вақте ба пеши Мирзамир Ёқубов расиданд, ки ӯ алакай ҷон дода буд.

Нашрияҳои маҳаллӣ аз қавли мақомоти фурудгоҳ хабар доданд, ки Мирзамир Ёқубов ҳанӯз як рӯз аз парвози Сургут – Хуҷанд ба фурудгоҳи Сургут омада буд. Дар инҷо маъмурони пулис ӯро боздошт карда, ба шӯъбаи пулис бурданд. Дар боздошт ҳарорати бадани Мирзамир Ёқубов баланд шуд ва пулис «Ёрии таъҷилӣ”-ро даъват кард.

Ба гуфтаи як манбаи нашрияи «Ура.Ру, «табибон дар бадани ӯ илтиҳоби дутарафаи шушро ташхис карданд, вале ин мард аз табобат дар бемористон даст кашид. Шабона мошини «Ёрии таъҷилӣ” бидуни ягон даъват боз ба фурудгоҳ омад, чунки табибон медиданд, ки вазъи ин мард хуб нест. Вайро дубора ба бемористон бурданд ва вале Мирзамир Ёқубов аз бемористон фирор карда, соати 7:30 ба фурудгоҳ омад, ки ба Ватанаш парвоз кунад.”

Вақте Мирзамир Ёқубов баъди алакай гузаштан аз тафтиши гумрук дар назди стенди сабти ном ба парвози Сургут – Хуҷанд аз ҳуш рафт, кормандони бахши тиббии фурудгоҳро даъват кардаанд. Талошҳои табибони фурудгоҳ ва «Ёрии таъҷилӣ”, ки низ даъват шуда буд, натиҷае надод ва онҳо танҳо марги ин муҳоҷири тоҷикро таъйид кардаанд.

Дар бораи Мирзамир Ёқубов маълумоти зиёде дастрас нест. Дар саҳифааш дар шабакаи «Одноклассники” танҳо гуфта мешавад, ки ӯ аз шаҳраки Нафтободи Исфара аст. Бори охир Мирзамир Ёқубов як сол пеш – дар моҳи апрели соли 2016 ба саҳифааш дар «Одноклассники” даромадааст ва танҳо аксе ки инҷо гузоштааст, акси як манзараи пурбарфи шимоли Русия аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *