Ҳамлаи маргталабона 18 нафар кушта ва 49 тан захмӣ баҷо гузошт

Ҳамлаи маргталабонае  дар вилояти Нангарҳори Афғонистон ба вуқӯъ пайваст 18 нафар кушта ва 49 тани дигар захмӣ баҷо гузошт. 

Ба гуфтаи сухангӯи волии Нангарҳор, Атоуллоҳ Хугиёнӣ ҳамлаи мазкур аз ҷониби як худкуш дар шаҳри  Ҷалолобод сурат гирифтааст. Ҳамла дар замони берун омадани мардум аз нишасти сулҳ дар вилояти Нангаҳор сурат гирифтааст. Дар ин нишасти мазкуршахсони наздик ба мақомҳои амниятии Нангарҳор ва бархе аз раҳбарони маҳаллии Толибон ва сокинони оддӣ иштирок доштаанд. Масъулияти ҳамларо то ҳол ҳеҷ гурӯҳе ба дӯш нагирифтааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *