Қотили хусури хушдомани Фурқати Саид ба 26 соли зиндон маҳкум шуд

Музаффар Пирназаровро Суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ барои куштори бибиву бобояш ба муддати 26 сол равонаи зиндон кард. Ёдовар мешавем, ки номбурда моҳи сентябри соли 2016 барои 2004 сомонӣ бо бераҳмии махсус ақрабои куҳансоли хешро ба қатл расонида буд.

Раҳмат Пирназарови 86-сола ва Зебуннисо Пирназароваи 77-сола, хусуру хушдомани роҳбари гуруҳи «Шашмақом» ва овозхонӣ маҳбуб Фурқати Саид буда, аз ҷониби набераи хеш кушта шудабуданд. Он шаб Музаффар Пирназаров бо мақсади дуздӣ ба хонаи бобову бибиаш ворид гашта, аввал ба бадани бибии 77 солааш 32 маротиба корд зада, сипас бобояшро, ки 86 сол дошту маъюб ва бистарӣ буд, бо зарби 27 корд ба ҳалокат мерасонад.
Пас анҷоми куштор Пирназаров аз ангуштони даст ва гӯшҳои бибиаш се ангуштарии тилло ва як ҷуфт гӯшворро, ки 2004 сомонӣ арзиш доштанд гирифта, аз ҷойи ҳодиса ғайб мезанад. Музаффар Пирназаров дар гузашта низ бо ҷурми дуздӣ маҳкум шуда буд, муҳлати ҷазоро дар зиндони низомаш сангин паси сар хоҳад кард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *