Амният метавонад ба хонаи ҳаряки мо бе иҷозат ворид шавад

Маҷлиси Намояндагон тарҳи илова ба қонуни Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти амнияти миллӣ»-ро тасвиб кард.

Саймӯъмин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, рӯзи 19 октябр, ҳангоми муаррифии ин тарҳи қонун дар порлумон гуфт, «террористон ба таври махфиёна фаъолият мебаранд ва кормандони сохторҳои қудратӣ низ маҷбуранд, ки ба таври махфиёна аз нерӯ ва бо истифода аз силоҳ амалиёт баранд».

Ба гуфтаи вай, «кормандони КДАМ дар фурсате, ки аз мақомоти додгоҳӣ иҷоза надоранд ва дар манзиле, ки террористон, ҷинояткорон ё гаравгонгирҳо ҳузур доранд, ҳаққи амалиёти бидуни иҷоза ворид шудан ба манзили шаҳрвандонро пайдо хоҳанд кард».

Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ гуфт, «ҳарчанд дар қонунҳои Тоҷикистон дахлнопазирии манзили зисти сокинон дарҷ шудааст, сухан дар бораи таҳдиди мустақими амали террористӣ ба хотири ҳифзи ҷону саломатии аҳолӣ меравад ва ба ин хотир кормандони кумита ҳақ доранд, бе ризояти сокинон ва иҷозати додгоҳ ба манзили шаҳрвандон ворид шаванд».

Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси Намояндагон, ин суолро матраҳ кард, ки «дар сурате ки дар манзили шаҳрванд шахсони бегуноҳ бошанд, пас, зарари ҷуброн чӣ гуна сурат мегирад?» Маҳмадалӣ Ватанзода, ёрдамчӣ ва намояндаи президенти Тоҷикистон дар порлумон, дар посух ба ин суол гуфт, «бар асоси қонунҳои Тоҷикистон ҷуброни зарар аз ҷониби давлат сурат мегирад».

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *