Ғолибияти Душанбе дар мусобиқаи тенис

Аз 14 то 18 октябри соли равон дар майдони Корти тенниси КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба теннис байни калонсолон баргузор гардид.
Дар мусобиқаи мазкур 40 нафар варзишгарон аз вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳри Душанбе ширкат варзиданд.
Аз рӯи ҳисоби медалҳои бадастоварда дастаи шаҳри Душанбе ҷойи якум, вилояти Суғд ҷойи дуюм ва вилояти Хатлон, ки бори аввал дастаи теннисбозони худро пешниҳод намуд, ҷойи сеюмро ишғол намуданд.
Ба ғолибони озмун аз ҷониби Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ диплом, медал ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *