Амонатбонк: Қарзгирон 44 фоиз зиёд шудаанд
Масъулини Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон “Амонатбонк” иттилоъ доданд, ки дар соли гузашта аз ҳисоби захираҳои дохилию хориҷӣ ба зиёда аз 72 ҳазор муштарӣ 1,4 миллиард сомонӣ қарз пешниҳод шудааст, ки нисбат ба соли 2020 қарзгирон 44 фоиз ва ҳаҷми қарздиҳӣ 34 фоиз зиёд шудаст.
Ҳамчунин, гуфта шуд, ки қарзҳо ба соҳаҳои саноат 21,6%, кишоварзӣ 11, 4%, истеҳсолӣ 31,9%, сохтмон 10,3 %, тиҷорат 17,5%, нақлиёт 3,7% ва дигар хизматрасониҳо (сайёҳӣ, тандурустӣ ва хӯроки умумӣ) 3,6% рост меояд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ