Хатлон: Ба зиёда аз 1300 саг шиноснома доданд

Соли сипаришудаи 2021 дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ба 1 ҳазору 310 саг шиноснома дода шудааст. Ин нукта дар нишасти хабарии Раёсати бехатарии озуқаворӣ дар вилояти Хатлон зикр шуд.

Равшан Қувандиқов, мутахассиси Раёсати бехатарии озуқаворӣ дар вилояти Хатлон гуфт, ки солҳои охир сокинон ба ин масъала бештар таваҷҷуҳ мекунанд. “Аз ин ҳисоб, нисбат ба солҳои пешин шиносномакунии сагҳо бештар шудааст”,- таъкид кард вай.

Ӯ афзуд, ки соли 2020-ум танҳо ба 488 саг шиноснома дода шудаасту халос. Қимати як шиноснома барои сагро каме бештар аз шаш сомонӣ гуфтанд.

“Ба сагҳо низ ду намуди шиноснома, дохилӣ ва хориҷӣ дода мешавад. Вале дар соли 2021 ба ягон саг шиносномаи хориҷӣ дода нашудааст”,- мегӯяд вай.

Машраби АЛОВИДДИН

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *