«Амонатбонк» қарзҳои «Фононбонк», «Тоҷпромбонк» ва «Тоҷиксодиротбонк»-ро тамдид кард

Раиси Раёсати Бонки давлатии амонатгузории  «Амонатбонк» Руҳулло Абдулғанӣ Ҳакимзода дар нишасти матбуотии ин муассисаи бонкӣ ба вазъияти буҳронии бонкҳо дар кишвар ишора карда, таъкид намуд, ки фаъолияташон муътадил давом дорад. Эътимоди мардум  ба бонки мазкур бештар шуда, аз 1 миллион нафар амонатгузор дорад. Дар шаш моҳ ба воситаи системаи интиқоли маблағҳои «Амонатбонк» 131,6 млн доллар гузаронида шудааст.

 — Ҳукумати мамлакат ба ин мақсад нақшаи зиддибурҳониро барои соли 2016 тасдиқ кардааст, — гуфт Руҳулло Ҳакимзода. – Барои татбиқи нақша дар бонки мо комиссияи зиддибурҳонӣ фаъолият дошта, намегузорад, ки вазъият бад шавад. Мо алҳол қобилияти пардохтиамонро аз даст надодаем.

Баъдан ӯ  афзуд, ки барои аз бурҳон баровардани бонкҳои «Фононбонк», «Тоҷпромбонк» ва «Тоҷиксодиротбонк» БДА  «Амонатбонк» ба онҳо қарзҳои муайяне дода буд, вале онҳо қарзҳоро дар вақташ пардохт карда натавонистанд. Аз ин рӯ, вазъияти ба сари ин се бонк омадаро ба инобат гирифта, муҳлати пардохти қарзҳо тамдид карда шуд.

Аз посухҳои раиси Раёсати  «Амонатбонк»  ба пурсишҳои хабарнигорон маълум шуд, ки барои беҳтару сари вақт ба муштариён дастрас кардани моҳонаю маош ва нафақапулиҳо  дар кишвар даҳҳо банкомату посткамераҳои иловагӣ насб карда мешаванд. Иваз намудани кортҳои нафақахӯрон ба воситаи марказҳои хизматрасонии бонкии «Амонатбонк», ки дар макони зисташон аст, бе мушкилот ҷараён гирифт. Шумораи истифодабарандагони кортҳои пардохтӣ аз 1 миллион бештар шудааст.

— Мо тавсия медиҳем, ки муштариҳо кортҳоро  бевоситаи маблағ барои хароҷоти  худ истифода баранд, — илова намуд Р. Ҳакимзода.

Эмоми НАЗАРИЁН

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *