Зарари Хатлон аз селу сӯхтор ва оббозии ноболиғон

Сардори  Ситод оид ба ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании вилояти Хатлон,дар нишасти матбуоти ,ба хабарнигор иттилоот дод,киҳолатҳои фавқулодаи дорои хусусияти техногенӣ дошта дар нимсолаи аввал 289 ҳолат ба қайд гирифта шуд,ки дар натиҷа 60 нафар ба ҳалокат расид ва 123 нафари дигар ҷароҳатҳои гуногун бардоштаанд,маблағи умумии зарар 999 ҳазору 87 сомониро ташкил медҳад.

Дар нимсолаи аввали 2015  ҳолатҳои фавқулодаи дорои хусусияти техногенӣ дошта 284 адад ба қайд гирифта шуд,ки дар натиҷа 51 нафар ба ҳалокат расид ва 185 нафарашон ҷароҳатҳои гуногун бардоштааанд маблағаи умуми зарар 23 милиону 358 ҳазор 263 сомониро ташил медиҳад)

150 сӯхтор ба амал омад,  маблағи умумии зарар 100 ҳазор сомониро ташкил дод,ки дар натиҷа 2 нафар ба ҳалокат расид 1 нафар ҷароҳат бардоштааст,(Дар нимсолаи 2015 120 ҳолат ба қайд гирифта шуд,маблағи зарар 561 ҳазору 122 сомнӣ ,4 нафар ба ҳалокат расид 2 нафар бошад ҷароҳат бардоштаанд.)

Дар ҳолати риоя накардани  қойдаҳои шиновари ва бемаъсулияти падару модарон муноқишаҳои оилавӣ ва гирифтор будан ба касалиҳои равони (рӯҳи),26 нафари шаҳрвандон дар кӯл,канал ва дарёҳои вилояти Хатлон ғарқ шуда ҷони худро аз даст додаанд. «Нисбати нимсолаи аввали соли 2015  11 нафар сокинони вилоят бештар  ғарқ шудаанд.»

Дар ноҳияи Қубодиён дар натиҷаи вазидани шамоли сахт ва боридани борони сел ва  жола рӯзи 18 май соли ҷори дар иншоотҳои обёрикунандаи сарбандҳо каналҳои ,Катаариқ,Чирик,Ҳаёт,Канали М-1,2,3 гидротехникии Тошгузар,истгоҳои обкашии К.Маркс роҳҳои автомобилгарди аҳмамияти байналмил-лалидоштаи Қизилқалъа-Ҷарбуҷа,соҳаи кишоварзӣ 322,44 га ба маблағи 603 ҳазору 851 сомонӣ зарар расонидааст.Дар ноҳияи Ховалинг  бошад ҳангоми боридани боронҳои пуршидат,жола,ва баланд шудани сатҳи дарёҳои Оби Мазор ва Ёхсу рӯзҳои 11-18 майи соли ҷори  ба роҳҳоии нқлиёти-3 км,купрукҳо -4 адад ва хатҳои интиқоли барқ-10,7 км ,иншоотҳои соҳилмустаҳмкамкунӣ-310 м,хатҳои обёри ва каналҳо-100 мдигар иншоотҳои хоҷагии қишлоқ-09 га ба маблағи 1 миллиону 532 ҳзору 981 сомонӣ зарар расонидааст.

Дар ноҳия Восеъ ҳнгоми боришоти борони  пай дар пай ва омадани сел рӯзҳои 11-12 ва 18 майи соли 2016 ба иншоотҳои соҳилмустаҳкамкунӣ-6,9 км ,кишти зироатҳои хоҷагии қишолқ-794,1 га фавти ҳайвонт-5 сар ба маблағи 14 миллиону 928 ҳазору 524 сомонӣ зарар расинидааст.Дар ноҳия Шамсиддини Шоҳин бошад дар натиҷаи боридани боронҳои зиёд рӯзҳои 12-13 ва 15-18 майи соли ҷори ба роҳҳои нақлиёт 106 км,купрук 1 адад ба маблағи 1 миллиону 200 ҳазор сомонӣ зарари ноҳия шуд.

— Дар ноҳияи Балҷувон дар натиҷаи боридани боронҳои пай дар пай ва омадани сел рӯзҳои 10-11 майли соли ҷори 3 купрукро,2 адад симчӯб ,хатҳои обгузар ва канализатсия 8 км,кишти зироатҳои қишлоқ 14,2 га ,фавти  ҳайвонот 5 адад,дар маҷмуъ 885 ҳазору 680 сомонӣ зарар расонидааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *