Амонатбонк ба кор даъват менамояд
✳️ Амонатбонк барои ишғоли вазифаи холӣ дар шуъбаи маркетинг озмун эълон менамояд.
Талаботи тахассусӣ ба довталаб:
1.Таҷрибаи корӣ – 3 сол (дар соҳаи маркетинг);
2.Забондонӣ – донистани забони русӣ ҳатмӣ, забони англисӣ бартарият дорад;
3.Малакаи таҳлилӣ – таҳлили маълумот дар бораи бозор, рақибон, истеъмолкунандагон ва ғайра;
4.Доштани малакаи хуби муошират бо муштариён ва дигар ҷонибҳои манфиатдор;
5.Андеша ва консепсияҳои худро возеҳ ва боварибахш баён карда тавонад;
6.Қобилияти эҷодкорӣ;
7.Қобилияти ҳамкорӣ ва кор дар команда;
8.Малакаҳои техникӣ: бо воситаҳо ва технологияҳои гуногуни маркетинг, аз қабили шабакаҳои иҷтимоӣ, воситаҳои таҳлилӣ, системаҳои СRM ва ғайра шинос бошад.
Суроға: ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 105
Телефон барои маълумот: +992 (44) 600-03-24
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ