Истиқболи Фаррух Ҳасанов дар фурудгоҳи Душанбе

Муовини раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода дар фурудгоҳи Душанбе овозхони тоҷик Фаррух Ҳасановро истиқбол гирифт.

Фаррух Ҳасанов баъд аз пирӯзӣ дар шоу-барномаи «Ну-ка, все вместе!» дар Русия ба Душанбе баргашт. Дар баробари намояндагони шаҳри Душанбе садҳо  нафар шоми 28-уми ноябр ба пешвози Фаррух ба фурудгоҳ омада буданд.

Муовини раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода гуфтааст, ки «Фаррух Ҳасанов дар оянда ҳамчун чеҳраи намоёни Тоҷикистон соҳаи фарҳанги кишвар, бахусус шаҳри Душанберо муаррифӣ мекунад».

Ёдовар мешавем, ки даври ниҳоии озмуни «Ну-ка, все вместе!» дар Русия 24-уми ноябр доир гардид. Фаррух Ҳасанов баъди пирӯзӣ  ҷоизаи озмун ва панҷ миллион рублро ба даст овард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *