“Амонатбонк” барои фаъолият иҷозатнома гирифт

Тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2023, №44 дар бораи масъалаҳои Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк”, номи Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” ба Корхонаи воҳиди давлатии “Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон Амонатбонк”” тасдиқ карда шуд.

Дар робита ба ин санаи 7-уми апрели соли ҷорӣ аз ҷониби раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода ба раиси КВД БА ҶТ “Амонатбонк” Сироҷиддин Икромӣ “Иҷозатнома” барои анҷом додани фаъолияти бонкӣ супорида шуд.

Дар идома раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода бо раиси Раёсати “Амонатбонк” Сироҷиддин Икромӣ оид ба фаъолияти “Амонатбонк” ҳамчун яке аз бонкҳои низомсози мамлакат ҷиҳати афзоиши сармоя, дороиҳои бонк, ҳаҷми қарздиҳӣ, ҷалби бештари аҳолӣ ба хизматрасониҳои ғайринақдӣ ва ғайра гуфтугӯи судманд анҷом доданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *