Раиси Амонатбонк

Дарси раиси “Амонатбонк” ба бонкирҳои оянда дар ДБССТ (аксҳо)

6-уми апрели соли ҷорӣ дар доираи ҳафтаи байналмилалии молиявӣ (Global Money Week) бо ибтикори раёсати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор гардид.

Дар он намояндагони КВД БА Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” таҳти роҳбарии раиси Раёсати “Амонатбонк” Сироҷиддин Икромӣ ҷиҳати иштирок дар ҳамоиши мазкур ба донишгоҳ ташриф оварданд.

Нахуст, намояндагони “Амонатбонк” аз лабораторияҳои таълимии донишгоҳ дидан намуда, бо шароиту имкониятҳои таҳсили донишҷӯёни ин муассисаи таълимӣ баҳои баланд доданд.

Гуфта мешавад, ки дар баробари дигар лабораторияҳои муосири таълимӣ, дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон баҳри омодасозии кадрҳои соҳаҳои молияву бонкӣ “Бонки таълимӣ” амал мекунад, ки донишҷӯён дар раванди машғулиятҳои амалӣ аз он самаранок истифода мебаранд.

Бонки таълимии мазкур бо тамоми воситаҳои зарурии таълимӣ дар ҳамкорӣ бо КВД БА ҶТ «Амонатбонк» ташкил гардида, дар доираи шартномаи тарафайн байни КВД БА ҶТ «Амонатбонк» ва МД «Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон» дар он мунтазам машғулиятҳои амалӣ бо ҷалби мутахассисони бонки мазкур баргузор карда мешавад.

Ҳангоми боздид аз утоқи “Бонки таълимии Амонатбонк”, раиси Раёсати “Амонатбонк” бо муҳассилини ихтисосҳои соҳаи бонкдорӣ суҳбат намуда, қайд кард, ки «илму дониш сарвати бебаҳост ва метавонад инсонро ба қуллаҳои баланди музаффарият расонад.  Аз ин рӯ, ба хотири мутахассиси ҳирфаии соҳаи интихобнамудаи хеш гардидан, бояд  бештар ба илм рӯ овард».  

Сипас, дар толори барҳавои  Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо иштироки доираи васеи донишҷӯёну омӯзгорон семинарӣ омӯзишӣ дар мавзӯи “Идоракунии хатарҳои бонкӣ дар шароити бесуботии молиявӣ” баргузор карда шуд.

Раиси Раёсати “Амонатбонк” дар доираи мавзӯи болозикр оид ба мафҳуми бонк ва низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ, институтҳои ёрирасони молиявӣ, амалиётҳои бонкӣ, мавқеи КВД БА ҶТ «Амонатбонк» дар низоми бонкӣ, буҳронҳои иқтисодӣ – омили бавуҷудоварандаи бесуботӣ ва хавфу хатарҳои бонкӣ ба иштирокдорон маълумоти зарурӣ пешниҳод намуд.

Донишҷӯён бо шавқи зиёд ба мавзӯи семинар таваҷҷуҳ зоҳир карда, суолҳои гуногун низ пешниҳод намуда, аз ҷониби намояндагони “Амонатбонк” ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

Дар охири семинар раиси “Амонатбонк” омодагии хешро ҷиҳати ҳамкории тарафайн бо Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон иброз дошта, қайд намуд, ки ташкил ва баргузор намудани чунин семинарҳои омӯзишӣ ҷиҳати баланд бардоштани саводнокии молиявӣ ва такмили ихтисоси мутахассисони ояндаи соҳаи бонкдории мамлакат нақши муҳим мебозад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *