“FA” зидди бозигарони Ливерпул парванда боз мекунад

“FA” оид ба рафтори бозигари «Ливерпул» нисбати «Манчестер Сити» парванда боз мекунад.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ин созмон, Ассотсиатсияи футболи Англия (FA) ба далели рафтори номатлуби бозигарон алайҳи Саймон Ҳупер, сардовари бозии даври 29-уми чемпионати Англия бо «Манчестер Сити» алайҳи «Ливерпул» парванда боз кардааст.

Бозии “Манчестер Сити” — “Ливерпул” рӯзи шанбеи 1-уми апрел баргузор шуда, бо ҳисоби 4:1 ба фоидаи “Манчестер сити” анҷом ёфт.

“Ливерпул” ба далели он айбдор карда шуд, ки дар дақиқаи 34-уми вохӯрӣ бозигарони бошгоҳ довар Ҳуперро иҳота карданд.

“Ливерпул” кафолат надодааст, ки бозигарони худаш боинтизом ва ё ба таври номуносиб рафтор мекунанд.

“Клуб то чоршанбеи 12-уми апрел фурсат дорад, ки посухи худро бидиҳад»,- гуфта мешавад дар изҳороти “FA”.

Пас аз 28 даври бозӣ «Ливерпул» бо 43 имтиёз дар ҷадвали Лигаи Премерӣ ҳаштум аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *