Авҷи даргириҳо дар Ал-Ақсо. Исроил бо ин кор чӣ мехоҳад? (видео)

Низомиёни Исроил ба масҷиди Ал-Ақсо зада даромада, дар натиҷаи амалиёт беш аз 350 нафарро боздошт кардаанд. Ҳодиса ҳангоми ибодати мусалмонон рух додааст.

Тавре агентии WAFA-и Фаластин хабар медиҳад, “қувваҳои амниятии Исроил ба толори намози масҷид зада даромада, муқобили фаластиниҳо калтак, норинҷакҳои садонок, газ ва тирҳои резиниро истифода бурданд. Даҳҳо нафар ҷароҳат бардоштанд”.

Ин кори низомиёни Исроил хашми давлатҳои арабиро ба вуҷуд овард.

Дафтари матбуоти пулиси Исроил бар ин иддаоянд, ки “маҷбур шуданд аз зӯр истифода баранд, зеро ҷавонони ниқобпӯш дар масҷид худсарона монеъ шуда, ошӯб бардоштанд. Даҳҳо нафар ба Ал-Ақсо маводи пиротехникӣ, чӯбу сангҳо оварда, даромадгоҳҳои биноро бо ҷевонҳои оҳанин ва ашёи дигаре, ки дар дохили он ёфтаанд, бастаанд. Ҷинояткорон масҷидро вайрон карда, онро таҳқир карданд”.

Вале аксу наворҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайдо шуданд, ин гуфтаҳои онҳоро зери суол мебаранд.

Дар ин задухӯрд даҳҳо фаластиниён захмӣ ва маҷруҳ шудаанд. Матбуоти Фаластин мегӯяд, ки баъди ин рейд дар як қатор шаҳрҳои соҳили Урдун намоишҳо cap шуданд. Ба гуфтаи Муҳаммад Штайё, нахуствазири Фаластин, ҳодисае, ки дар масҷиди Ал-Ақсо рух медиҳад, «ҷинояти бузург алайҳи намозгузорон аст».

Вазорати корҳои хориҷии Аморати Муттаҳидаи Араб ба кирдорҳои Исроил ҷавоб дода, рейдро қатъиян маҳкум кард.

Лубнон ҳам дар ҷавоб ба қаламрави Исроил мушак партофтааст. Дар ин баробар Ал-Ҷазира хабар медиҳад, ки Исроил ҳам шаби 7-уми апрел ба ҳадафҳои ҷунбиши фаластинии Ҳамос дар қаламрави Лубнон ҳамла кардааст.

Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил дар шарҳи ин вазъ гуфт, ки вокуниши ин кишвар “ба ҳар гуна кӯшиши таҷовуз ба душманон баҳои сангине хоҳад дод”.

Ҷунбиши фаластиниҳо дар навбати худ Исроилро дар ташдиди авзоъ дар минтақа айбдор кард.

Раҳбарияти Фаластин низ қаблан мақомоти исроилиро ба «эҷоди фазои бесуботӣ» дар Байтулмуқаддас дар пасманзари даргириҳои идомаи миёни фаластиниҳо ва неруҳои амниятии Исроил дар куҳи маъбад муттаҳам карда буд.

Моҳи март Фаластин ва Исроил дар нишасти амниятӣ дар Шарм-уш-Шайхи Миср дар бораи таъсиси як механизми мубориза бо хушунат ба мувофиқа расиданд. Мулоқоти ахир дар Шарм-уш-Шайх дувумин чунин формат буд. Дар охири моҳи феврал дар Ақабаи Аморати Муттаҳидаи Араб бо иштироки АМА, Миср, Фаластин, Исроил ва Амрико бо мақсади хотимаи шиддати вазъияти байни Исроил ва Фаластин маҷлиси машваратии панҷтарафа барпо гардид. Дар натиҷаи ин мулоқот Фаластин ва Исроил ба риояи тамоми созишномаҳои имзошуда мувофиқат карданд, ҷониби Исроил ваъда дода буд, ки дар давоми чаҳор моҳ аз баррасии бунёди шаҳракҳои нав дар соҳили Ғарб даст мекашад.

Ин ҳама дар ҳолест, ки Исроилро мавҷи эътироз алайҳи ислоҳоти судӣ фаро гирифтааст. Мардум зидди барномае ҳастанд, ки моҳи январи соли равон интишор шуда, ба ҳукумат ваколати назорати бештари таъйин кардани судяҳои Суди Олиро медиҳад. Нетаняҳу мегӯяд, ки ин тағйирот барои ҷилавгирӣ аз судяҳои фаъол, ки қудрати худро барои дахолат ба сиёсат сӯйистифода мекунанд, зарур аст. Мунаққидон онро кӯшиши суст кардани низоми судии Исроил ва канорагирӣ аз мурофиаи судӣ дар парвандаи коррупсия меноманд.

20-уми март Нетаняҳу тасдиқи ислоҳотро то охири апрел ба таъхир гузошт.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *