“Амонатбонк” боз як майдончаи варзиширо дар Душанбе бунёду ба истифода дод

Дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе аз ҷониби “Амонатбонк” як майдончаи варзишӣ бо шароити зарурӣ ва ҷавобгӯ ба талабот тармиму таҷдид карда шуд. Дар ифтитоҳи он роҳбарияти “Амонатбонк” ва намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино иштирок намуданд.  

Бино ба иттилои “Амонатбонк”, дар майдончаи варзишӣ корҳо бо сифати баланд анҷом ёфта, масоҳати умумии қитъаи замини он 3500 м2 ва масоҳати умумии сохтмон 2084 м2-ро ташкил менамояд.

Майдончаи мазкур бо нишастгоҳ барои 500 нафар таъмин буда, бо беҳтарин шароиту имкониятҳои тамрин барои бозиҳои футбол дар масоҳати 840 м2, варзиши сабук (давидан) дар масоҳати 470 м2 ва волейбол пешбинӣ гардидааст.

“Бо бунёди ин ва дигар иншооти варзишӣ дар шаҳраку маҳаллаҳои шаҳри Душанбе дар баробари фароҳам омадани шароити арзандаи истироҳату фароғати сокинон, тамрину ба варзиш машғул шудани ҷавонону наврасон ва бозию дилхўшии кўдакон гўшаҳои гуногуни   пойтахт ободу зебо   мегарданд, ки   ин аз ҳадафҳои   созандаи    Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти мутобиқ намудани пойтахти кишвар ба меъёрҳои муосири шаҳрсозӣ ба шумор меравад”,-иттилоъ доданд аз “Амонатбонк”.

Ёдовар мешавем, ки “Амонатбонк” то ба имрӯз аз ҷониби “Амонатбонк” 5 майдончаи варзишӣ дар ноҳияҳои Шоҳмансур ва Синои шаҳри Душанбе сохта ба истифода шудаанд.

Ҳамчунин,  майдончаҳои варзишӣ аз ҷониби “Амонатбонк”  мунтазам тармиму таҷдид карда мешаванд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *