Амонзода ба Сафири Россия чӣ гуфт?
Ширин Амонзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон бо Сафири Россия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов вохӯрд.
Тавре маркази матбуоти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон хабар дод, ҷонибҳо масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, барасмиятдарории буду бош ва иҷозати муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои вуруд ва фаъолияти меҳнатӣ дар Федератсияи Россия, бақайдгирии оилаҳои муҳоҷирони меҳнатӣ ва фарзандони онҳо, коркарди низоми ягонаи маълумоти оморӣ оид ба фаъолият ва зиндагии муҳоҷирони меҳнатӣ дар Федератсияи Россияро таҳлилу баррасӣ намуданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ