Амонзода гуфт: Сатҳи болотарини бекорӣ дар ВМКБ аст

Барои пайдо кардани кор беш аз 141 ҳазор нафар муроҷиат кардаанд,- мегӯяд Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон.

Аз 141,8 ҳазор корҷӯе, ки ба Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон муроҷиат кардаанд, дар соли 2021 расман 58,9 ҳазор нафар мақоми бекорро гирифтаанд.

Бино ба иттилои вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Ширин Амонзода, расман 106,2 ҳазор нафар ҳамчун корҷӯй сабт шудаанд. Ин ниҳод мегӯяд, сатҳи нисбатан баланди бекорӣ дар ВМКБ ба қайд гирифта шудааст, ки ба 6% баробар буда, ин нишондод дар навоҳии тобеи ҷумҳурӣ — 2,9%, Хатлон — 2% ва дар Суғд — 1,9%-ро ташкил медиҳад.

Амонзода изҳор дошт, ки дар маҷмуъ тайи соли гузашта 2 миллиону 480 ҳазор нафар дар иқтисодиёт фаъол буданд.

Дар мавриди кумакпулӣ дар давраи бекорӣ зикр гардид, ки соли 2021 ба 13 ҳазор нафар ҳудуди 7,5 миллион сомонӣ ҷудо гардид.

Ба иттилои Амонзода, тайи соли гузашта ниҳоди таҳти идорааш ба беш аз 205,7 ҳазор нафар дар масоили гуногун хизматрасонӣ шудааст. Аз ҷумла 70,6 ҳазор нафар бо кор таъмин гардидаанд.

Дар ин миён 7 ҳазор нафар аз ҳисоби квотаҳо, 3,3 ҳазор нафар аз тариқи гирифтани қарзҳои хурд ба маблағи 10,3 миллион сомонӣ, 8,2 ҳазор нафар дар ярмаркаҳои ҷойҳои холии корӣ ва 42,3 ҳазор нафари дигар бо роҳҳои дигар соҳиби ҷои кор шудаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *