Як камбуди «Кӯли ҷавонон»

Тайи чанд соли охир симои Душанбешаҳр комилан тағйир ёфта, бисёр зебову замонавӣ гаштааст. Вале, бо вуҷуди ин, ҳастанд камбудиҳое, ки ҳусни пойтахтро мекоҳонанд.

Яке аз чунин камбудиҳоро дар зинапояҳои боғи «Кӯли ҷавонон» мушоҳида кардан мумкин аст. Бо вуҷуди он ки ин зинаҳо чанд сол пеш таъмир шуда буданд, вале ба стандарт ҷавобгӯ нестанд. Аввалан, на ҳамаи зинапояҳои боғ барои истифодаи шахсони имконияташон маҳдуд ҷавобгӯянд. Илова бар ин, зинадаст надоранд ва шахсони калонсол ҳангоми баромадан ё фаромадан мушкилӣ мекашанд. Нуқси дигар ва аз ҳама ҷиддии зинапояҳои мазкур аз мармар сохта шудани онҳо мебошад. Зоҳиран онҳо бисёр зебоянд, вале дар ҳолати боридани борону барф лағжонак мешаванд, ки хатарноканд.

Агар ин мушкил бартараф шавад, “Кӯли ҷавонон” беҳтарин боғи Душанбе хоҳад шуд.

Меҳрангез СУЛТОНЗОДА,

донишҷӯи факултаи журналистикаи ДМТ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *