Ҳамраализода:Андоз сабаби қатъи фаъолияти соҳибкорон нест
Кумитаи давлатии сармоягузорӣ мегӯяд, соли гузашта беш аз 30 ҳазор суъекти соҳибкорӣ қатъи фаъолият кардаанд. Раиси ин кумита Фаррух Ҳамрализода гуфт, сабаби ин рақобати шадид дар бозор аст, на андозҳои баланд.
Анҷумани соҳибкорони хурду миёна қаблан гуфта буд, ки дар соли 2017 беш аз 205 ҳазор соҳибкор фаъолияти худро қатъ кардаанд ва асосан ба далели андози баланд ва фишори мақомоти сершумори назоратӣ.Фаррух Ҳамрализода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон рӯзи 14 феврал дар нишасти хабарии ин кумита гуфт, дар соли 2017 дар Тоҷикистон 30 ҳазору 281 субъекти соҳибкорӣ фаъолияти худро қатъ кардаанд. Аз ин шумор, ба гуфтаи Ҳамрализода, 28 ҳазору 471 нафараш соҳибкорони инфиродӣ буда, ҳамчунин дар соли гузашта дар кишвар 1810 ширкату корхона низ баста шудаанд.
Раиси кумитаи сармоягузорӣ гуфт, дар маҷмӯъ дар кишвар 301 ҳазору 300 субъекти соҳибкорӣ фаъолият доранд, ки ин назар ба соли 2016 ҷамъан 4,4 дарсад бештар аст.
Фаррух Ҳамрализода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон дар нишасти хабариаш гуфт, ба ақидаи ӯ, рақобати шадид дар бозор сабаби асосии қатъи фаъолияти даҳҳо ҳазор субъекти хоҷагидорӣ шудааст: «Сабабҳо зиёданд ва яке аз сабабҳоиасосӣ — рақобати зиёд дар бозор аст. Корхонаҳоро боз мекунанд, вале фаъолият карданатавониста, лозим меояд, ки онро банданд. Гузаштан ба иқтисоди бозаргонӣ дарТоҷикистон идома дорад.”
Ҳамрализода дар айни замон ақидаи роиҷ дар ин бораро, ки сабаби асосии қатъи фаъолияти даҳҳо ҳазор соҳибкори тоҷик андозҳои баланд ва фишори мақомоти назоративу санҷишист, рад кард. Ӯ гуфт, ки онҳо аз ҳукумат дар мавриди фароҳам овардани имтиёзҳои бештар дар масъалаи андози соҳибкорон супориш гирифтаанд, ки роҳи рушди бахши хусусӣ дар Тоҷикистон ҳамвортар шавад. Аммо, мегӯяд Фаррух Ҳамрализода, ба ақидаи ӯ, андоз мушкили асосӣ ё бори аз ҳама вазнин дар гардани аҳли тиҷорат нест: «Мо азҳукумат ҷиҳати ҳалли ин масоил дастур гирифтем. Мангуфта наметавонам, ки қонунгузории андоз монеъа барои рушд аст. Сабабҳо зиёданд, мо таҳлил мекунем. Барои мо муҳим он аст, ки мушкилоти ҳама ба инобат гирифташавад — ҳам бахши хусусӣ ва ҳам сармоягузорони маҳалливу хориҷӣ.”
Аз майдон рафтани ҳазорон соҳибкор боиси мушкилоти ҷиддӣ дар роҳи иҷрои нақшаи андозу гумруки Тоҷикистон шудааст. Мақомоти андоз қаблан гуфта буданд, ки бисёрии соҳибкорон ба сабаби буҳрони иқтисодии солҳои охир ва кам шудани интиқоли пули муҳоҷирон аз Русия ба мушкилоти иқтисодӣ гирифтор шуда, тарки фаъолият мекунанд.
Моҳи декабр Анҷумани соҳибкорони хурду миёнаи Тоҷикистон омори боз ҳам бештар ташвишовареро нашр карда, гуфта буд, дар соли 2017 дар кишвар беш аз 205 ҳазор соҳибкор қатъи фаъолият кардаанд. Ба ҳисоби ин созмон, аз ҷумла 65 ҳазор соҳибкор дар вилояти Суғд, 50 ҳазор дар Душанбе, 42 ҳазор дар вилояти Хатлон, 40 ҳазор соҳибкор дар навоҳии тобеи марказ ва беш аз 4 ҳазор дар вилояти Бадахшон тарки соҳибкорӣ кардаанд.
Анҷумани соҳибкорони хурду миёна гуфта буд, аксари ин соҳибкорон ба далели фишори андозҳои баланд ва санҷишу тафтишҳои бешумори мақомоти назоратӣ қатъи фаъолият кардаанд.Ин нуктаро раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ дар паёми солонааш таъкид кард ва гуфт, ҳоло дар Тоҷикистон 79 идораи мухталиф ҳаққи дахолат ва санҷиши фаъолияти соҳибкорон ва корхонаҳоро доранд ва ин як мониаи ҷиддӣ дар роҳи рушди тиҷорат дар кишвар шудааст. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамин далел, фармонеро имзо кард, ки барои ду сол тафтиши фаъолияти корхонаҳои тавлидкунандаро ба мақомоти санҷишӣ манъ мекунад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ