Рӯзи ошиқон тақлиди кӯркӯронаи ҷавонон (Аудио)

Эмоми Назариён

 «Рӯзи Валентини муқаддас», ки байни ҳамватанони ҷавони мо дар замони соҳибистиқлолӣ чун «Рӯзи ошиқон» маҳбубият касб кардааст, аз қабили идҳои таҳмилии Ғарб маҳсуб меёбад. Ва агар онҳо аз таърихи пайдоиши ин рӯз хуб огаҳ бошанд, дурустии ин гуфтаи моро тасдиқ хоҳанд кард.

Тахмин меравад, ки 1750 сол қабл аз ин (соли 269) ҷангҳои паёпайи империяи Рим идома дошт ва артиш аз нарасидани неруи ҷангӣ, яъне мардон, ба мушкилиҳои сангине гирифтор буд. Императори Рим Клавдийи II сабаби сарзании ин мушкилотро аз побанди никоҳи оилавӣ будани ҳарбиён медид. Ба пиндори император низомиёни зандори легионер (ҷангиёни маошгир) бештар ғами оилаашонро хӯрда, барои ғалаба разми ҷиддӣ намекарданд. Дар ин замина ӯ амреро ба тасвиб расонд, ки  сарбозони римӣ дигар ҳуқуқи зангирӣ надоштанд!

Маълум аст, ки ягон амру фармон ё қарори ҳокимон ҳеҷ гоҳ садди роҳи ишқи ҳақиқӣ шуда наметавонад. Амри булъаҷаби император ҳисси ошиқонаи легионерҳоро кунд нагардонид. Зеро дар ҳамон лаҳзаҳои ногувор  ба мадади онҳо рӯҳоние ҷавоне аз шаҳри Тернии Рим бо номи Валентин расид. Валентин нахуст ба низомиён навиштани номаҳои ошиқонаро ёд дода, розҳои ниҳонии эшонро бо гул ба маъшуқон мерасонд. Баъдан ба никоҳ даровардани ҷуфтҳои ошиқонро иқдом кард.

Ҷойи инкор нест, ки ин гуна фаъолияти «зиддиқонунӣ» аз назари император пинҳон намонд ва рӯҳонии «ҷинояткор» ба маҳкама кашида шуда, барояш ҳукми қатлро раво диданд. Ин фоҷиа боз аз он ҷиҳат аламовар гардид, ки Валентин худ шефтаю шайдои духтари сардори маҳбас буд. Мегӯянд маъшуқаш, ки нобино буд, аз меҳру муҳаббати рӯҳонӣ олами рӯшанро медидагӣ шуд. Дар арафаи қатл Валентин ба дӯстдоштааш номаи хайрбодӣ навишта, рози дилашро ифшо мекунад.

Пас аз садсолаҳо ин рӯҳонии азобу азияткашидаро ба зумраи чеҳраҳои муқаддаси дини насронӣ нисбат дода, дар соли 496 папаи Рим Геласиус 14 февралро «Рӯзи Валентини муқаддас» эълон кард. Лек аҷибаш ин аст, ки дар ягон қонуни калисоӣ шумо номи Валентини муқаддасро пайдо карда наметавонед. Зеро соли 1969, баъди ислоҳот дар расми тоату ибодат, номи Валентини муқаддасро аз тақвими литургии калисои католикӣ сарфи назар карданд. Дуруст аст, ки ишқу муҳаббати инсонӣ на марзу сарҳадро эътироф мекунаду на дину миллатро. Аммо, аз назари дини мубини Ислом барои мусалмонон лоиқ ва муносиб ба тақлиду пайравӣ нест ва буда наметавонад.

Матлабро пурра дар ҳафтаномаи “Тоҷикистон”(№7, 14 феарал) мехонед

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *