Шореҳи варзиш: касбияташ чӣ гуна бошад?

Мирзосафар Шамсиддинов,

Корманди шоистаи варзиши Тоҷикистон

Ба пиндошти банда вазифаи асосии касбии шореҳ ин қабл аз ҳама ҳалли ташвиқ ва инъикоси воқеъбинонаи мавзӯъ ва ҳазму ҳалли муваффақонаи он ба шумор меравад. Пеш аз оне, ки шореҳ ва ё воқеънигор ба тарғибу ташвиқи воқеъбинонаи ин ва ё он мавзӯъ даст мезанад, сароғоз ба моҳияти масъала, бурду бохт, мушкилот, печидагиҳо ва ба паҳлуҳои норавшани он аз нигоҳи касбӣ ва масъалагузориҳо, ба таври шаффофу дилсӯзӣ, беғаразона, ғамхору дилсӯз будан нисбат ба ҷомеъа бештар таваҷҷуҳ зоҳир намояд. Дар ниҳоди аввал шореҳ бояд, ки худ ботини поку беолоиш,  ҳадафи нишонрас, тахайюли бою рангини касбӣ дошта бошад. Дар ин сурат шореҳ соҳиби обрӯ, шаъну эътибор ва соҳибмартаба мегарда

Чун маводи шореҳ бо мазмуни баланд кӯтоҳу ихчам навишта ва ё ироа гардад, бешубҳа, муштарии дақиқназару рангинхаёл, борикбину тавоно, пеш аз ҳама ба имзои шореҳ, ба исму насаби муаллиф чашм медавонад. Набояд фаромӯш созем, ки хонанда ва шунавандаи имрӯза нисбатан мулоҳизакору дурандеш, серталабу нуктасанҷ ва  шӯридадил, пешрафтаву шахсияти баркамол гаштааст.

Давоми фаъолияти беш аз нимасраи эҷодиам дар матбуот ба алфозу гуфторҳо ва навиштаи шореҳону воқеънигорони асилу мумтоз, нотакрори соҳаи варзиш ва тарзи ҳаёти солим — Николай Николаевич Орзеров, Котэ Махарадзе, Владимир Маслаченко, Владимир Перетурин, Нонна Бодрова, аз шореҳони басо доно ва соҳибзавқи тоҷик  Сарвар Амирҷонов, Борис Комм, Нарзулло Латифов, Геннадий Носов, Всеволод Юресклм, Владимир Фролов, Мақсуд Маҳмудов, Эмоми Назариён, Бобо Расулзода, Алимаҳмад Мӯсоев, Владимир Турко, Мақсудҷон Ҳусейнов ба таври доимӣ таваҷҷуҳу эътибор дода, аз  таҷрибаи  онҳо сабақ гирифтаам.  Алалхусус, аз гузоришҳои рӯҳпарвар, алфози равону суфта ва андалебонаи устодон  – шореҳони нотакрор Николай Николаевич Озеров ва Нарзулло Латифов қалбам то ба ҳадди ниҳоӣ «об мехӯрд».

мо, сомеъон ва мухлисону ҳаводорони варзишро ба ваҷд меовард.

Шояд сабаб ҳаминҳо бошанд, ки ман домони тарғибу таблиғи варзиши тоҷик, инъикоси воқеъбинонаи тарзи ҳаёти солимро давоми  50 соли фаъолияти  эҷодиам касб карда бошам. Мавзӯи варзиш, муҳимии ин соҳа бандаи камтаринро ба мисли оҳанрабо ба худ ҷалб сохтааст. Шукри тақдир, ки то қадри имкон  20 китобро андар ситоиши варзишгарони касбӣ аз чоп бароварда, ҳоло 22 китоби дигарро навиштаам, ки интизори маблағ то ҳанӯз рӯйи чоп нарафтаанд.

Аз он хушнудам, ки имрӯз дар Муассисаҳои давлатии телевизионҳои “Варзиш”  ва “ Футбол” мо чунин воқеънигорони боҳавсала дар ҷумлаи Алиҷон Шарифов, Парвизи Маҳмадамин, Суҳробшоҳи Фаррухшоҳ, Тағоймуроди Холмурод, Инъомуддини Аҳмадзода, Гулрӯз Ғуломов ва Фаридун Атоеву Таҳмина Назрихӯҷаева рӯи кор омадаанд, ки аз ояндаи неки ин соҳа ва рушду нумӯи шореҳони ҷадиду тоза гувоҳӣ медиҳад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *