Амрико нисбати Оятуллоҳ Хоманаӣ таҳрим эълом мекунад

Президенти Амрико Доналд Трамп хабар дод, ки ИМА зидди раҳбари маънавии Эрон Оятуллоҳ Хоманаӣ таҳрим эълом хоҳад кард.

Президенти Амрико Доналд Трамп хабар дод, ки  ИМА зидди раҳбари маънавии Эрон Оятуллоҳ Хоманаӣ таҳрим эълом хоҳад кард.

Ба гуфтаи Трамп, таҳримҳо дар посух ба амалҳои таҷовузкоронаи Эрон, аз ҷумла сарнагун сохтани ҳамопаймои бесарнишини амрикоӣ ҷорӣ карда мешаванд. Ҷониби ИМА мегӯяд, Эрон ҳавопаймои низомии бесарнишини онро дар осмони обҳои байналмилалӣ сарнагун сохт.

Президенти ИМА гуфт, таҳримҳо ба ёварони Хоманаӣ низ дахл хоҳанд кард. Ин таҳримҳо бояд дастрасии раҳбари маънавии Эрон ва ёваронашро ба манбаъҳои муҳими молӣ маҳдуд кунад. Вазири молияи ИМА Стивен Мнучин гуфт, таҳримҳо ҳабси «миллиардҳо доллар» дороии Эронро пешбинӣ мекунад.

Ба иттилои Мнучин, Вашингтон ҳамчунин таҳримҳоеро зидди вазири умури хориҷии Эрон Ҷавод Зариф омода дорад.

Президенти ИМА изҳор дошт, ки кишвараш барои ҷанг бо Эрон талош надорад, вале иҷозат ҳам нахоҳад дод, ки он соҳиби силоҳи ҳастаӣ шавад. Ҳамчунин талош мекунад, то Теҳрон сармоягузории гуруҳҳои террористиро қатъ кунад.

Котиби давлатии ИМА Майк Помпео имрӯз аз Арабистони Саудӣ ва АМА боздид хоҳад кард. Ташаннуҷи авзоъ атрофи Эрон мавзуи меҳварии гуфтугӯҳо хоҳад буд. ИМА, Арабистони Саудӣ, Бритониё ва АМА бо нашри як изҳороти муштарак Эронро ба худдорӣ аз иқдомҳое даъват карданд, ки суботи байналмилалиро ба ҳам мезанад. ИМА ва ҳампаймононаш Эронро ба сармоягузории гуруҳи ҳусиҳо дар Яман ва ташкили таркиши ду киштӣ дар халиҷи Умон айбдор мекунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *