Тоҷик дар Русия дар таҷовузи духтари 13-сола гумонбар аст

Дар кишвари Олтойи Русия марди 40-солаи зодаи Тоҷикистон, ки дар шаҳри Новоалтайск зиндагӣ мекунад, дар таҷовуз ба номуси духтари ноболиғ гумонбар шудааст.

Дар кишвари Олтойи Русия марди 40-солаи зодаи Тоҷикистон, ки дар шаҳри Новоалтайск зиндагӣ мекунад, дар таҷовуз ба номуси духтари ноболиғ гумонбар шудааст.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти Кумитаи бозрасии Русия, рӯзи 24 июн шаҳрванди Тоҷикистон расман эътироф кардааст, ки дар моҳи марти соли ҷорӣ чанд маротиба ба номуси духтари 13-солаи ҳамхонааш дастдарозӣ кардааст.

Ин манбаъ мегӯяд, ин мард борҳо ба духтар таҳдид кардаст, ки дар сурати фош кардани сирри ҳамхобагӣ ӯро муҷозот хоҳад кард.

Феълан нисбати ин шаҳрванди Тоҷикистон бо айбномаи “Таҷовуз ба номус бо истифода аз зӯр нисбати ноболиғи то синни 14-сола” парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *