Таркиш дар анбори аслиҳаи Қазоқистон: 1 куштаву 31 захмӣ

Раиси вилояти Туркистони Қазоқистон Умирзак Шукеев 24 июн хабар дод, ки дар натиҷаи таркиши анбори аслиҳаи шаҳри Арис як нафар ҷон бохтааст.

Раиси вилояти Туркистони Қазоқистон Умирзак Шукеев 24 июн хабар дод, ки дар натиҷаи таркиши анбори аслиҳаи шаҳри Арис як нафар ҷон бохтааст.

Ба огаҳии хадамоти матбуотии ҳукумати вилояти Туркистон, дар таркиши мазкур ҳамчунин 31 нафари дигар захмӣ шудаанд.

Ба гуфтаи вазири дифои Қазоқистон Нурлан Ермекбоев, таркишҳо идома дошта, амнияти сокинон ҳанӯз дар хатар аст. Ермекбоев гуфт, таркиши гулӯлаҳои анбор чанд рӯзи дигар идома меёбад.

Масъулони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Қазоқистон гуфтанд, ба далели идома доштани таркиши гулӯлаҳо наметавонанд, ба хомӯшкунии оташ ва маҳви сӯхтор бипардозанд.

Президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев ба вилояти Туркистон рафтааст.

Тоқаев чанде пеш ба вазири умури дохилӣ ва дифои Қазоқистон дастур дод, ки амнияти сокинонро таъмин, сабабҳои таркишро муайян ва барои рафъи оқибатҳои сӯхтор чора биандешанд.

Дар вилояти Туркистони Қазоқистон ҳолати фавқулода эълом шуда, мақомот мегӯянд, ҳамаи сокинон бояд ба ҷои бехавф кӯчонида шаванд. Ба гуфтаи Шукеев, бештари сокинони Арисро аллакай ба ҷои амн бурдаанд. Дар Арис ҷамъан ҳудуди 45 ҳазор одам зиндагӣ мекунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *