Деги ҷӯшони Афғонистон
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо фармонҳои худ ду шахсияти шинохтаи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон шодравон Бурҳониддини Раббонӣ ва Аҳмадшоҳи Масъудро пас аз марг бо мукофоти олии давлатии Тоҷикистон — ордени “Исмоили Сомонӣ дараҷаи I” сарфароз гардонид.
Соли 2006 сармуҳаррирри ҳафтаномаи “Тоҷикистон” Шариф Ҳамдампур дар шаҳри Кобул бо Бурҳониддини Раббонӣ мусоҳиба ороста буд. Мусоҳибаи мазкур дар китоби Шариф Ҳамдампур бо номи «Мы больше, чем соседи. Лицо и события от Памира до Кремля», ки соли равон дар нашриёти «Родина» -и шаҳри Москва бо чоп расидааст, манзури хонандагон мегардад.
АМРИКО ТАҶОВУЗКОР Ё НАҶОТБАХШ?
ВА ЯК ҶУРЪАТИ ХИРАДМАНДОНАИ ПРЕЗИДЕНТИ ҲАМСОЯКИШВАР
Суҳбат бо собиқ Раиси ҷумҳури Давлати исломии Афғонистон раиси Ҳизби ҷамъияти исломии Афғонистон Бурҳониддин Раббонӣ
– Ҷаноби профессор, Шумо ҳамеша дар музокироту суҳбатҳоятон, ки барои таъмини сулҳу субот дар Афғонистон сурат мегирифтанд, изҳор медоштед, ки шарти асосии пойдории сулҳ дар Афғонистон ба эътибор гирифтани манофеи миллатҳо ва қавмҳои муқими кишвар мебошад. Вале тазоҳуроте, ки рўзи душанбе (29.05.2006) сурат гирифт, шаҳодат аз он медиҳад, ки танҳо ҳамин як омил кафили сулҳ дар кишвар буда наметавонад.
– Дар ҷомеае, ки рўй ба арзишҳои демократӣ дорад, тазоҳурот як ҳодисаи маъмулӣ ва одист. Таҷрибаи ҷаҳон нишон дод, ки ҳатто дар кишварҳои пешрафта, аз ҷумла, дар худи Амрикову Фаронса, мардум роҳи ҳалли мушкилотро дар тазоҳуроти оммавӣ диданд. Ҳарчанд ин амалашон баъзан харобиҳову вайрониҳо овард. Маъмулан, мардум вақте даст ба кўшишоти эътирозӣ мезананд, ки нисбати назару хостаҳояшон таваҷҷуҳе сурат нагирифт. Замоне, ки ҷомеа дар марҳалаи ҷадиду ҳассоси арзишҳои инсониву демократӣ қарор дорад, хавф бурдан аз тазоҳурот нодуруст ва ғайритабиист. Албатта, дар Афғонистон мушкилоте, ки бояд ҳал шаванд, зиёданд. Вале ҳалли онҳо вақту замон талаб мекунад.
– Ба ҳар ҳол, ғайри ба эътибор гирифтани манфиатҳои миллатҳо ва қавмҳое, ки дар Афғонистон сукунат доранд, кадом омилҳои дигаре ҳастанд, ки метавонанд оромӣ дар ин кишварро таъмин кунанд?
– Аслан, ба ақидаи ман, муҳимтарин омил дар ҳамбастагии қавму гурўҳҳои ҳамақидаи ҳар кишвар итминони мардум ва ширкати онҳо дар низом аст. Мушоракат дар низом, эҳсоси худогоҳӣ ва адолати ҳокимшуда аз ҷумлаи тадбирҳоест, ки ҷомеаро мутмаин месозад, то дар роҳи расидан ба армонҳои худ қадам гузорад. Он вақт қонун ҳокими мутлақ ва назму субот пойдор хоҳад буд. Вале баъзан, мудохалаи хориҷӣ, ноадолатиҳо, мушкилоти иқтисодӣ ва гоҳе ҳам ҷаҳлу бехабариҳо аз манофеи миллии асосӣ боиси норизоии умум ва аз байн рафтани эътимод мегардад.
– Дар тазоҳуроте, ки рўзи душанбе сурат гирифт, омили хориҷӣ ҳузур дошт?
– Фикр мекунам, комилан ин як масъалаи худҷўш буд. Аксари тазоҳургарон худфаъол ва иборат аз шогирдони мактабу ҳангомаҷўён буданд. Он аслан созмондиҳандаи асосӣ надошт.
– Дар ин вазъе, ки Афғонистон қарор дорад, чӣ омиле ҳаст, ки метавонад мардуми Афғонистонро ба ҳам пайвандад: Афғонистон ҳамчун ватан, ислом ҳамчун дин ё чизи дигар?
– Дар ин ваҳдат омилҳои мухталифе, аз қабили ҳамбастагӣ, манофеи муштарак, ватани ягона, низоме, ки баробарии ҳамаи динҳоро таъмин созад, татбиқи қонун, таҳкими адолат мавҷуданд, ки ҳамҷоя манфиатҳои муштараки миллии мардумро ба ҳам мепайвандад.
– Шумо омилҳоеро ёдовар шудед, ки хоси ҳамаи кишварҳостанд. Вале барои Афғонистон кадоме муҳимтар аст: Афғонистони ягона, ислом ҳамчун дин?
– Ҳам ину ҳам он! Дин аслан ба хотири таъмини адолат асту дини мубини ислом як омили умдаест дар шароити Афғонистон.Он наметавонад дар миёни як ҷомеаи мусулмон, ки аҳли як эътиқоданд, боиси ихтилоф бошад. Аҳли як дин, аҳли як ватани воҳид набояд дар хостаҳои иҷтимоӣ тафовути умдаеро ба роҳ андозанд. Яъне, арзишҳои динӣ омил мешаванд, ки баробарии қавмҳою миллатҳо эҳтиром ва қадрдонӣ шавад. Аммо замоне, ки аҳли як дин, аҳли як ватан худро ба раияти дараҷаи як, раияти дараҷаи ду, золиму мазлум тақсим мекунанд, воқеан тафовут ва ихтилоф ба миён меояд.
– Пас, арзишҳои динӣ болотар аз қонунанд?
– Дин худ ҷонибдори волоияти қонун, ҳукмронии он дар ҷомеа аст.
Инсон танҳо каромоти зотӣ дорад, вале дар асл тамоми мардум бояд тобеи қонун бошанд, волотар аз қонун чизе нест. Ҳеҷ кас бояд болотар аз қонун набошад. Пайғамбар Муҳаммад алайҳиссалом фармудаанд, ки як сабаби харобию табоҳии миллатҳои пеш аз шумо он буд, ки дар мобайни одамон тафовут буд: вақте аз хонаводаи ҳақиру заиф муртакиби як гуноҳ мешуд, ўро ҷазо медоданд, аммо аз хонаводаи муътабар, ки муртакиби гуноҳ мешуд, ўро ҷазо медоданд; Ва ин тафовут боиси ихтилоф ва низоъ мешавад.
– Аз гуфтаи шумо бармеояд, ки дар шароити феълии Афғонистон волоияти қонун имконпазир аст?
– Қонун дар ҳамаи мароҳил яқинан ҳукмрон аст, аммо дар ҷое, ки беамнист ва ҷангу кашмакашҳо ба чашм мерасанд, қонуншиканӣ эҳсос мегардад. Ва, баръакс, дар ҷое, ки амнияту осоиштагӣ ҳукмрон аст, қонун амал мекунад.
– Аз тариқи расонаҳои иттилоотӣ ҳамарўза хабарҳо пахш мешаванд, ки гўё “Толибон” дар минтақае ҳукуматро ба даст гирифта, дар минтақаи дигар чанд нафари мақомоти расмиро ба қатл расондаанд. Абарқудратии онҳо дар чист? Дирўз онҳоро гумоштагони Амрико мегуфтанд, имрўз муттакояшон кист?
– Дар гузашта ва имрўз низ “Толибон” аз кумакҳои берунӣ бархурдор буданду ҳастанд. Аммо дар паҳлӯи ин як идда мушкилоти дохилӣ, идороти маҳаллӣ ва бархўрде, ки дар муқобилашон сурат мегирифт, аз оғоз як навъ иштибоҳоте сурат гирифт. Онҳое, ки аз дохил метавонистанд дар муқобили “Толибон” истодагарӣ кунанд, аз саҳнаи мубориза дур шуданд. Дар минтақаҳои ба ном «халъи силоҳ» мардум аз силоҳ дур шуданд. Аз ин шароит “Толибон” истифода карданд. Дар манотиқе, ки мардум аз идороти маҳаллӣ канор монданд, майдон барои “Толибон” фароҳам омад ва касе намонд, ки дар муқобили онҳо қарор гирад. Агар дар масъалаи низоми амнияти кишвари мо таҷдиди назар сурат нагирад, рўй ба онҳое оварда нашавад, ки қаблан аз ватан дифоъ мекарданд, Афғонистон мувоҷеҳи мушкилот мегардад.
– Магар нерўҳои Амрико наметавонанд ин ҷойи холиро пур созанд ва дар муқобили “Толибон” қарор гиранд?
– Ҳукуматҳои хориҷӣ ҳар қадар қудратманд бошанд ҳам, дар дифоъ аз мушкилоти амниятии мардуми маҳаллӣ муваффақ намешаванд. Амнияти миллатҳо тавассути худашон ҳаллу фасл мешавад. Агар як миллат он тавонмандиеро дар худ надошта бошад, ки амнияти худро таъмин кунад, пас он миллат комил нест. Ташкилоти хориҷӣ метавонад ба ҳайси як муҳаррики кумаккунанда дар таъмини амнияти минтақа нақш бозад, аммо асос бояд нерўҳои дохилии сулҳхоҳ бошанд. Танҳо ангезаи миллӣ метавонад дифоъ аз кишвару миллат кунад. Як аскари қудратхоҳи хориҷӣ ҳеҷ гоҳ дар сар андешаеро надорад, ки барои барқарорсозии амният дар хоки бегона ҷони худро қурбон кунад.
Ангезаҳои беруна, бешак, манфиатҳои пасипардагии иқтисодиву судхоҳӣ доранд. Албатта, бояд мо дар интизори он набошем, ки касе аз хориҷ моро дифоъ кунад. Танҳо ангезаи ватандориву худшиносӣ метавонад моро аз ин бунбаст раҳойӣ бахшад. Хушбахтона, ин нерў аз оғози муқовимат ҳамроҳи миллати Афғонистон буд. Мо набояд интизори он шавем, ки кай полиси мо, низоми аскарии мо такмил мешавад, балки имконоте, ки беш аз бист сол боз дар худи кишвар, дар замони мубориза бар муқобили нерўҳои Иттиҳоди Шўравӣ, давраи муқовимат вуҷуд дошт, мавриди истифода қарор бояд гиранд.
– Замони муқовимат ва имрўз ҳам пирўзӣ марбути ваҳдати умдаи қавмҳову миллатҳои Афғонистон буду ҳаст. Онро чӣ гуна метавон таъмин дошт?
– Ин муваффақият тавассути ҳам масъулияти миллӣ ва ҳам давлатӣ ба даст меояд. Давлатҳо метавонанд дар таҳкими ваҳдати миллӣ аз тариқи татбиқи адолат, қонун, эҷоди маҳбубият миёни мардум як нақши умда ва ҳидояткунанда дошта бошанд. Албатта, ба шарте ки собит созанд, ки марбут ба як қавм, ба як минтақа нестанд, аз манфиати ҳама якранг дифоъ мекунанд. Агар ҳукумат аз ҳуқуқи ҳамаи шаҳрвандонаш баробар дифоъ карда тавонад, он вақт шароити мусоид барои тавлиди ваҳдати миллӣ пайдо мешавад. Он гоҳ мардум дарк мекунад, ки манофеи қавмиву миллӣ гиреҳхўрда бо манофеи давлат аст ва агар яке пароканда шуд, заволи он қавму давлату миллат пеш меояд.
Агар ин эҳсосро Ҳукумат барои мардум дода тавонад, он вақт як эҳсоси миллӣ, ваҳдати миллӣ ба бор меояд. Бинобар ин, манофеи муштарак, ки маҳрумияти яке боиси барҳамхўрии дигаре мешавад, пояҳои ваҳдати умумиро мустаҳкам месозад.
– Аз нигоҳи шумо, таҷрибаи сулҳи Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир барои Афғонистон чӣ нақше бозида метавонад? – Таҷрибаи Тоҷикистон бисёр муфид аст. Дар марҳалаи аввал ҳам ҳукумату ҳам оппозитсиони тоҷик эҳсос карданд, ки агар Тоҷикистон набошад, онҳо низ нестанд. Танҳо Тоҷикистон ва бунёди давлати муқтадире дар Тоҷикистон хостаҳову армонҳои ҳамаи тоҷикон ва тоҷикистониёнро таъмин карда метавонад. Ба ҳамин асос, ҳукумат ва оппозитсион ҳамаи мушкилоти худро ҳал карданд ва умед дорам, ки ин ҳамбастагӣ идома меёбад, буҳрони беэътимодиро аз байн мебарад ва Тоҷикистон рушди бештареро соҳиб мешавад. Ҳар мафкурае, ки дошта бошем, бо маслиҳат аз манфиати кишвар дифоъ бояд кард. Инро Тоҷикистон кард, ки барои Афғонистон ҳам аз манфиат холӣ нест.
– Мардуми Афғонистон ба Амрико чӣ гуна менигаранд: ҳамчун ба истилогар ё наҷотбахш?
– Дар ин марҳала вуруди қувваҳои хориҷӣ барои мардуми мо зарур буд. Аммо ҳузури қувваҳои хориҷӣ дар кишвар аз тарафи давлат, порлумон, аз рўйи як идда қарордодҳои дутарафа қонунӣ сохта бояд шавад. Он вақт мардум эҳсос мекунанд, ки мо ба хотири таъмини амнияти миллӣ аз ҷомеаи байналмилалӣ кумак хостаем, ки дар хидмати мо қарор дорад.
– Вориди Афғонистон гардидани неруҳои ҳарбии Амрико назари мардумро нисбати русҳо тағйир дод ё дар ҳамон шакли пешина боқӣ монд?
– Ҳар иштибоҳе, ки аз ҷониби қуввае сурат мегирад, ба корҳои қаблан баамаломада таъсир мебахшад. Фақат ин, ки русҳо кишвари моро худсарона ишғол карда буданд, аммо амрикоиҳо як қарордоди мубориза бо терроризм, таъмини амният дар минтақаро ба тасвиб расонданд. Ногуфта намонад, ки як силсила амалҳои ғалати қувваҳои хориҷӣ дар шумули амрикоиҳо ба иллати бехабарӣ аз фарҳанги мо сурат гирифт, ки онро сари вақт дарк карданд. Ба ҳар боис, мардум фаҳмид, ки ин иштибоҳот ғайритабиӣ аст. Худи амрикоиҳо низ мутаваҷҷеҳ ҳастанд, ки аз ин иштибоҳот пуштибонӣ накунанд, зеро хуб медонанд ва дарк кардаанд, ки ба кишвари мо ба хотири озори мардум не, балки барои бозсозӣ ва тезонидани ин ҳаракат омадаанд.
– Қисме аз силоҳбадастон силоҳи худро ба гўша гузоштанд ва даст ба эъмори Афғонистони навин заданд. Қисми дигар ҳанўз даст бар силоҳанд. Чӣ чиз онҳоро ба чунин амал водор месозад?
– Дар он қисмати Афғонистон, ки нуфузи “Толибон” камтар аст, мардум ба рўзгори осуда машғуланд, вале дар баъзе қисматҳои дигар онҳо ба хотири амнияти худу пайвандонашон ҳанўз аз силоҳ даст барнадоштаанд. Масъалаи доғи дигар он аст, ки дар он қисмате, ки силоҳ бояд ҷамъоварӣ мешуд, фишори зиёд болои мардум оварданд, ҳол он ки ин кор ҳеҷ мушкиле надошт ва силоҳашон боиси таъмини амният мегашт. Дар натиҷаи ин як навъ бемувозинатӣ ба миён омад, ки албатта, гурўҳҳои алоҳидаро ба шўр ва эътироз овард, андешаҳои гуногунеро барангехт, ки чаро қонуни халъи силоҳ дар ҳамаи манотиқ баробар пиёда намешавад.
– Муддате роҳбарияти Афғонистон сиёсати ба Ҳукумати марказӣ ҷалб намудани қумондонҳо ва, ба ин васила, аз силоҳбадастонашон дур андохтани онҳоро пеш гирифта буд. Қисме аз қумондонҳо инро дарк карданд ва дубора ба минтақаи будубоши худ баргаштанд. Мисоли ин Дўстум аст. Ин сиёсат дуруст буд? Агар дуруст буд, чаро ҳукумат дар роҳи татбиқи он пофишорӣ накард?
– Аслан дар роҳи ба дасти ҳукумат гузаштани қудрат қумондонҳо нақш доштанд ва бо ҳукумати марказӣ ҳамкорӣ мекарданд. Вале, баъдан, ин ҳамкорӣ сурат нагирифт ва қатъ гашт, чунки ихтилоф ба миён омад ва гумон карданд, ки қисме аз қумондонҳо гумоштагонанд, бахусус онҳое, ки аз замони шўравӣ дар маркази ин ҳама гирудорҳо буданд. Ҳол он ки ағлаби эшон қодир буданд дар аркони вазоратҳои дифоъ, умури дохила, амният ва ғайра нақши созандае бозанд. Баъд аз он ки аз ин нукта сарукор гирифта нашуд, қумондонҳо аз ин сиёсат норозӣ ва саркашӣ намуданд. Масалан, ман фикр намекунам, ки агар як ҳамбастагии сарвақтие дар ин маврид матраҳ мешуд, “Толибон” ба ин зудиву тезутундӣ хоки Афғонистонро тохтутоз карда метавониста бошанд. Баъдан, дар шароити шадид бо “Толибон” муқовимати дастиҷамъона бурданд, вале агар ин ҳамраъйӣ дар оғоз сурат мегирифт, боиси талафоти зиёду мудҳише намегашт.
– Ҳоло ҳукумат сиёсати ҷадидеро пеш гирифтааст: дубора ба сари қудрат овардани қумондонҳо. Мисоли рўшани ин андеша маршал Фаҳим аст, ки муддате аз вазифа сабукдўш гардида буду инак ба вазифаи сармушовири ҳарбии Раиси ҷумҳур таъин шуд. Сабаб чист?
– Фикр мекунам, шояд дубора баргаштани як нафар ба умури давлатдорӣ таъсири зиёд надошта бошад, зеро то замоне, ки як ҳаракати саросарӣ сурат нагирад, бо ҷалби як нафару ду нафар вазъ дигар нахоҳад шуд.
– Пас, аз нигоҳи шумо, феълан кадом нерўе метавонад кафили сулҳ оромӣ дар Афғонистон бошад?
– Дар ин марҳалаи буҳронӣ ва ҳассос танҳо ҳамон нерўҳое, ки ҳам дар замони ҳузури Иттиҳоди Шўравӣ ва ҳам дар замони “Толибон” аз мардуми афғон дифоъ карданд, метавонанд ин масъулиятро бар дўш дошта бошанд. Маҳз онҳо шоистатарин ва боиффаттарин унсур дар таъмини амният хоҳанд буд.
– Мавзўи дигари доғи минтақа маводи мухаддир аст. Тавре мо иттилоъ дорем, Афғонистон аз ҷиҳати тавлиди маводи мухаддир дар дунё ҷойи дувумро ишғол мекунад. Далели тавлидоти зиёд ду рақам тафсир мешавад: гурўҳе бар ақидаеанд, ки эҳтиёҷи молӣ мардумро ба ин амал водор месозад; гурўҳи дигар мегўянд, ки мусулмонон мехоҳанд ба ин васила кофиронро аз байн бибаранд. Назари шумо?
– Ман ҷонибдори назари аввал ҳастам, ки эҳтиёҷи молист. Хоҳ дар гузашта, хоҳ дар замони ҳукумати “Толибон” ва хоҳ дар шароити феълӣ маҳз набудани молиёт ва майдонҳои омодаи кишти зироат мардумро водор ба ин иқдом кардааст. Аз тарафи дигар, инкор намекунам, баъзе ташкилотҳои байналмилал манфиатдоранд, ки ин дасисаро ташвиқ бикунанд, ки Афғонистон чун манбаи тавлиди маводи мухаддир арзёбӣ шавад.
– Афғонистон барои Тоҷикистон кишвари дўсту бародар аст, вале кишварҳое ҳастанд, ки оромии ин ду мамлакат бар манфиаташон нест. Ин ҷо кишварҳое дар назаранд, ки мехоҳанд зери шиори ислом ва демократия дар Афғонистону Тоҷикистон манофеъи пасипардагии худро пиёда созанд. Дар ин вазъият чӣ мебояд кард?
– Ман низ бар ҳамин ақида ҳастам, ки Тоҷикистону Афғонистон ду кишвари ҳамсояву дўст ҳастанд ва манофеи муштарак доранд. Вале дуруст қайд намудед, ки кишварҳое ҳастанд, ин муштаракотро дидан намехоҳанд ва ҳар лаҳза чашминтизоранд, ки мо дар вазъи буҳрони фарҳангиву иҷтимоӣ ва сиёсиву иқтисодӣ қарор дошта бошем ва ба ин васила дасти онҳо боло бошад. Ин бар суди онҳо мебошад. Бо вуҷуди ин Афғонистону Тоҷикистон аз ин марҳалаҳои бадхоҳона гузаштанд ва равобити иқтисодиву фарҳангии мо дар заминаҳои устувори бародарӣ рушд хоҳанд кард, ки касе ё қуввае монеъашон шуда натавонад.
– Мардуми Афғонистон мардуми Тоҷикистонро чӣ гуна мешиносанд: ҳамсоя, ҳамзабон ё як ҷумҳурии аз Иттиҳоди Шўравӣ бозмонда?
– Мо медонем, ки ба Иттиҳоди Шўравӣ пайвастани Тоҷикистон маҷбурӣ буд. Дар асл тоҷикон мардуми озодманишу худшинос ва соҳибфарҳанг буданду ҳастанд. Ҳамин самимияти тоҷиконро мардуми афғон ба гўши дил эҳсос мекунанд ва бубинед, ки чӣ дар замони муқовимат дар Тоҷикистон ва чӣ дар даврони муқовимат дар Афғонистон мардуми ин ду кишвар, новобаста аз мушкилот, аз дарди ҳамдигар бохабар буданду марҳам шуданд. Пас, метавон гуфт, муҳаббате, ки мардуми Афғонистон ба Тоҷикистон дорад, тамомношуданист.
– Чӣ омилҳое ҳастанд, ки ба густариши равобити иқтисодии Тоҷикистону Афғонистон халал мерасонанд?
– Аввалан, иқдоми ҷонибҳо дар истеҳкоми марзҳо, ки бояд манофеи ҳар ду кишварро ҳимоя кунанд, сурат бояд бигирад. Дигар ин, ки ҳар ду кишвар бояд бикўшанд, ки танҳо мутаваҷҷеҳи манфиати худ набошанд, балки манофеи тарафи муқобилро низ дар мадди назар дошта бошанд. Ба ин маънӣ, ки истисмори якдигарро ба роҳ наандозанд. Яъне, дар суде, ки аз як муомилаи иқтисодӣ бармедорем, ҷониби муқобилро низ хайрхоҳӣ кунем. Бояд ҳамаи қарордодҳову равобит шаффоф, рўшан ва дар сатҳи суди дутарафа эҷод шаванд.
– Аз рўйи маълумоти мо, мардуми Афғонистон ҳамагӣ 6% бо барқ таъминанд. Онҳо имрўз зарурати бештаре ба ин нерў доранд. Маблағгузории Амрикоро нисбати интиқоли хатти барқ аз Тоҷикистон ба Афғонистон мардум чӣ гуна пазируфтанд?
– Афғонистон оҷилан ба нерўи барқ ниёз дорад. Аз ин рў, мо манфиатдорем, ки ба ҳар қимате набошад, дар интиқоли нерўи барқ аз Тоҷикистон ба Афғонистон ҳавасманд бошем, то бисёр мушкилоти мубрами иқтисодӣ ҳалли худро пайдо кунанд. Дар баробари ин, мо бояд василаҳои бунёди бевоситаи пойгоҳҳои барқиро дар дохили кишвар муҳайё созем. Интиқоли хатти барқ бар манфиати мост ва имкон медиҳад, ки баъдан мо як низоми ягонае дар ин маврид дошта бошем,
– Тоҷикистон дар мавриди интиқоли барқ тавассути як кишвари ҳамсоя ба мамолики дигар мушкилот дошт. Ин мушкилот бо Афғонистон низ ба миён намеояд?
– Мушкилоти шумо бо кишвари ҳамсояатон шояд дар алоқамандӣ бо роҳандозии робита бо Афғонистон ҷой дошта бошад. Вале мо ҳеҷ намехоҳем ягон мушкилотеро барои ҷониби муқобил эҷод кунем. Тамдиди хатти барқ тавассути Афғонистон, қабл аз ҳама, ба манфиати кишвари мост. Бар ин асос ихтилофоти сиёсӣ набояд боиси аз байн рафтани як силсила манофеи иқтисодии кишварҳои минтақа шаванд, ки қурбони бархўрдҳои хурду реза гарданд. Дар ин иртибот мо бояд пешбиниҳо дошта бошем, табодули таҷрибаро риоя кунем ва нагзорем, то дар маҷмўъ як мушкил мушкилоти умдаро тавлид кунад.
– Назари шумо нисбати пешниҳоди Тоҷикистон ҷиҳати бунёди ду истешани барқӣ дар дарёи Омў?
– Ман ин пешниҳодро қабул дорам, вале азбаски дарёи Омў миёни Тоҷикистону Афғонистон ҷойгир аст, бояд манофеи дуҷониба ба назар гирифта шавад ва як қарордоди муштарак баста шавад.
– Мардуми Тоҷикистон нисбати шумо ҳамчун шахсияти эътирофшуда ва пешвои дини мубини ислом эҳтиром доранд ва назари шумо барояшон муътабар аст. Иддае ҳастанд, ки мехоҳанд кори динро бо кори давлат бипайванданд. Оё ин андеша дуруст аст?
– Мардуми мусулмони тоҷик дар роҳи диёнат сахт эътиқодманданд. Ман дар замони шўравӣ ба Тоҷикистон сафарҳо доштам ва борҳо шоҳид будам, ки режими сўсиёлистӣ чӣ гуна эътиқодмандонро танг мекард ва, ҳатто, аз сари кор дур мекард, вале имон намешикаст. Аммо мардуми Тоҷикистон як нуқтаи нозукро дарк бояд намоянд, ки муқовимати ақидагӣ ба сари мардум чӣ балоҳо овард. Имрўзҳо Худованд барояшон ваҳдату ҳамбастагӣ ва истиқлоли воқеии миллиро арзонӣ доштааст. Бо бархурдорӣ аз ин неъмати ройгон, ки кашмакашҳои бемаъниро фурў бурд, бояд, аз нигоҳи ман, ҳамаи хостаҳо дар доираи қонун сурат гиранд, то ҳамин иттифоқи бадастомада аз ҳам пош нахурад. Ҳамаи нерўҳои ақлонии Тоҷикистон бояд бикўшанд, ки ихтилоф сар назанад, ҳукумат пойдор бимонад ва Тоҷикистон қудратманду пешрафта бошад.
– Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар арсаи байналмилал, аз минбари СММ ҳамеша манофеи Афғонистон ва мардуми онро дифоъ мекунад ва, ҳамзамон, мушкилоти онҳоро ба миён мегузорад. Ин амали ў дар миёни сарварон ва мардуми Афғонистон чӣ вокунише дорад?
– Мардуми Афғонистон бисёр эҳсоси пок доранд ва бисёр хуш ҳастанд, ки сарвари як кишвари ҳамсоя, чунон ки аз манфиати кишвари худаш – Тоҷикистон ҷонибдорӣ мекунад, ба ҳамон андоза аз манфиати Афғонистон дифоъ менамояд.
– Аз нигоҳи шумо, чӣ нерўе метавонад пешрафти минбаъдаи кишвари моро таъмин созад?
– Фикр мекунам, ки аввалан неруҳои ватандўсте, ки алоқаи бевосита ба Тоҷикистон, таърих ва фарҳанги он доранд ва дар қаламрави кишваранд. Дувум, нерўҳое, ки талабгори ваҳдату якпорчагӣ ва миллатдўст бошанд, то тавонанд дар ҳассостарин лаҳзаҳо вориси барҳақи ҳамин миллату давлат бимонанд ва зимомдори босалоҳият бошанд.
– Нигоҳи шумо ба Раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов ҳамчун Сарвари давлат ва Пешвои миллат?
–Ҳамин шоистагиеро, ки ман тавсиф кардам, имрўз дар Тоҷикистон танҳо Раиси ҷумҳури Шумо – оғои Раҳмонов дорад. Ў дар шароити хеле буҳронӣ тавонист, ки Тоҷикистонро ҳифз бикунад. Гомҳои муваффақонае, ки Раҳмонов барои амнияту пешрафти Тоҷикистон гузоштааст, болотар аз он ситуданҳоест, ки ман мегўям.
– Бурди Президент Раҳмонов дар чӣ зоҳир мешавад?
– Аввал, сахт ватанпараст ва миллатдўст аст. Дувум, як зимомдори қотеъ мебошад. Савум, манофеъи миллати худро болотар аз ҳама мегузорад. Дар вазъияти хатарнок зимомдорони таърихӣ дар шароити таърихӣ тасмими таърихӣ мегиранд. Масалан, ба иртиботи Афғонистон пойдорӣ ва суботе, ки оғои Раҳмонов дар дифоъ аз муқовимати Афғонистон дошт, бузургтарин ҷуръату матонат арзёбӣ мешавад. Тоҷикистон дар шароити ниҳоят вазнин буд ва дар сарҳадоти он таҳдиди “Толибон” ҷой дошт. Дар чунин вазъият баъзе мамлакатҳо, аз тарси он, ки ба кишварашон таҷовуз сурат нагирад, робитаашонро бо “Толибон” устувор сохтанд. Ҳатто чунин тавсия ба оғои Раҳмонов ироа шуд. Ба ў гуфтанд, ки мушкилоти зиёди дохилӣ ва иқтисодӣ дорӣ, чӣ заруратест, ки аз пойгоҳи муқовимат ҷонибдорӣ намоӣ! Вале ў, ҳарчанд бо мушкилот рў ба рў шуд, дифоъ аз мардуми Афғонистон намуд. Ва ин амали ў ҳам ҷуръатмандона буду ҳам хирадмандона, ки вазъи минтақа ва дунёро комилан дигаргун сохт.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ