Амрико: Тоҷикистон муваффақ аст
ИМА дар гузориши наваш оид ба вазъи мубориза бо қочоқи инсон дар саросари ҷаҳон Тоҷикистонро аз кишварҳое номидааст, ки дар ин самт ба талошҳои амалӣ даст мезанад. Гузориши нави Департаменти давлатӣ рӯзи 27 июн дар Вашингтон аз ҷониби вазири хориҷа Рекс Тиллерсон ва мушовири президенти ИМА Иванка Трамп муаррифӣ шуд.
Муаллифи гузориш – Департаменти давлатии ИМА менависад, соли 2016 дар Тоҷикистон 18 парвандаи марбут ба қочоқи инсон баррасӣ шуд ва дар ниҳоят 17 нафар ҷазо гирифтанд. 10 қочоқбари инсон дар Тоҷикистон соли гузашта ба мӯҳлати аз 5 то 9 соли зиндон маҳкум шуданд.Дар миёни муҳимтарин иқдомҳое, ки соли 2016 дар Тоҷикистон гирифта шуд, ин тасдиқи механизми нави миллии мубориза бо қочоқи инсон ва таъсиси гурӯҳи вижаи назорати иҷрои он мебошад. Яке аз дигар иқдомҳо – қабули нақшаи назорат аз кори иҷбории кӯдакон дар майдонҳои пахта барои солҳои 2016-2018 будааст. Вазорати маорифи Тоҷикистон, ба қавли муаллифони гузориш, бо пахши номаву огаҳиҳо масъулинро дар манотиқ аз манъи истифодаи нирӯи кӯдакон огоҳ мекунанд. Гузориш ҳокист, ки назар ба гузаштаҳо ҳоло сатҳи огоҳонии муҳоҷирони корӣ пеш аз сафар ба хориҷа аз хатарҳои қочоқи инсон бештар шуда, ходимони милиса дар макони кор ва ҳам дар дарсҳои мактаби милиса дар заминаи мубориза бо қочоқи инсон дарсҳои махсус мегузаранд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ