Соли 2050 сокинони Замин қариб 10 миллиард мешаванд

Соли 2050 аҳолии сайёраи Замин ба 9,8 миллиард баробар мешавад.

Ин нукта дар гузориши тозаи Созмони миллали муттаҳид оид ба масоили иқтисодӣ ва иҷтимоӣ таъкид шудааст.
Дар гузориш ҳамчунин гуфта мешавад, ки соли 2100 аҳолии Замин аз 7,6 миллиард нафари феълӣ то ба 11,2 миллиард хоҳад расид. Мутахассисони СММ гуфтаанд, афзоиши аҳолӣ асосан аз ҳисоби 47 кишвари камтар тавсеаёфта сурат мегирад. Ба иттилои гузориш, ҳоло дар ин кишварҳо ҳудуди миллиард нафар зиндагӣ мекунад ва соли 2050 теъдоди онҳо ба 1,9 миллиард мерасад. Ба пешгӯии мутахассисон ояндаи наздик Ҳиндустон аз рӯи шумори аҳолӣ аз Чин пеш мегузарад. Онҳо мегӯянд, ин кор соли 2024 вақте иттифоқ меуфтад, ки аҳолии Ҳиндустон 1,4 миллиард нафарро ташкил медиҳад.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *