Амрикоие, ки барои нобиноён асост

Дармонгоҳи «Солим Мед» дар як гӯшаи ба назар нонамоёни шаҳри Душанбе қарор дорад. Сабти ном кардан талаботи асоcии  ин дармонгоҳ буда, ин раванд барои анҷом додани кори босифати онҳо мусоидат мекунад.

Мо қаблан бо духтури дармонгоҳ Брайн Ле Зерби мувофиқа карда будем, ки рӯзи душанбе, соати 11 суҳбат меороем. Долони хурди қабулгоҳ ғарқи беморон буд. Дар гӯшае чашмам ба мансабдоре афтод, ки дар курсӣ шояд бо фарзандаш буд,  менишаст. Мо Брайнро пурсидем. Ӯ бо касе суҳбат дошт. Бо дидани мо ба соат нигарист. Мо ҳам гӯшаи чашм ба соат нигаристем 10:58. Брайн суҳбатро қатъ кард ва моро ба ғурфачаи танге даъват намуд. Мо дар муқобили ҳам қарор гирифтем. «Тарҷумон куҷост?» рӯй овардам ба Брайн «-Тарҷумон ба кадом хотир?», — бо тааҷҷуб бозу ба ҳам кашид Брайн ва бо лаҳни ширини тоҷикӣ ба суҳбат оғоз намуд. Мо ҳарос аз он доштем, ки шояд дар баёни андеша дучори мушкилот шавад. Аммо ӯ ҳатто калимаҳои тоҷикиеро истифода мекард, ки дар захираи луғавии мо набуд.

-Ҷаноби Брайн, чӣ боде шуморо ба Тоҷикистон овард?

— Боди форами диёри шумо. Баъд аз хатми Донишгоҳи тиббӣ дар Ню -Йорк сари интихоб қарор доштам: Африқо ё Осиё. Он вақт як созмони муқими Қазоқистон барои интихоби кадрҳо озмун эълон карда буд. Ба хотири иштирок ба ин кишвар ва аз он ҷо ба Тоҷикистон омадам. Офтоби гарм, табиати зебо, мардуми меҳмондӯсташ, муомилаи хуши роҳбарони мақомоти тандурустӣ маро муқими Душанбе кард. Соли 2011 ман бо чанде аз дӯстони тоҷикам дармонгоҳи чашми «Солим Мед» -ро роҳандозӣ намудем.

-Албатта дар ибтидо мушкилот зиёд буд.

-Кор бе мушкилӣ намешавад. Дар зинаи аввал мо бояд бо касбият, муомилаи хуб сазовор ба эътимоди беморон мешудем. Набудани таҷҳизоти муосири тиббӣ ҳам монеаҳо эҷод мекард. Ибтидо мо қатори дигар таҷҳизот як дастгоҳи лазерие ворид намудем, ки барои ташхиси бемории оби марворид (глаукома), ки манбаи асосиаш бемории диабети қанд, фишорбаландӣ ва ирсият аст,  муҳим буд. Ин дар Осиёи Миёна ягона аст.  Дар ин самт моро Вазорати тандурустии Тоҷикистон, мутахассисони тоҷик сахт дастгирӣ намуданд.

-Магар  усули табобат дар Амрико аз  Тоҷикистон   фарқ намекунад?

-Усули табобат -аслан дар ҳеҷ кишвари дунё хоҳ Амрикост, хоҳ Аврупою Ҳиндустону Эрону Русия аст, фарқияти зиёд намекунад. Аммо муносибат ба пешниҳоди тарзи табобат фарқ мекунад. Мо табибон хоҳ хориҷӣ бошем, хоҳ тоҷикӣ маводҳои дорувориеро дар рафти табобати худ ба мизоҷонам  истифода мекунем, ки ба талаботи умумиҷаҳонии тандурустӣ ҷавобгӯ бошад.

-Пас, шумо доруҳоро аз Амрико меоред?

-Не. Аз дорухонаҳое, ки дар Тоҷикистон ҳастанд, истифода мекунем. Вале дақиқ месанҷем. Ба нафароне, ки имконияти аз Европа, Ҳиндустон, Русия харидорӣ кардан доранд, монеъ намешавем.

— Шумо бо дармонгоҳҳои чашми Душанбе ва дигар минтақаҳои кишвар ҳамкорӣ доред?

-Бале. Бо духтурон, кормандони Вазорати тандурустӣ машварат мекунем. Кор бе ҳамкорӣ намешавад. Баъзе хизматрасониҳое, ки дар мо ҳаст, дар дигар дармонгоҳ нест.  Аз  ҷумла, ҷарроҳии шабакия ва пардаи чашмро тавсия медиҳем, ки дар дигар клиникаҳо ба анҷом расонанд, зеро мо ҷарроҳӣ намекунем. Дар баъзе клиникаҳо дастгоҳи лазерӣ нест, беморонашонро ба мо мефиристанд. Мо доруҳоеро тавсия медиҳем, ки тадқиқот гузаронида шудаанд ва натиҷаи дилхоҳ додаанд. Он чизеро, ки  фоидабахш буданашро намедонем, тавсия намедиҳам.

-Дар клиникаи шумо чанд нафар духтурон  фаъолият мекунанд?

-Мо ду нафар духтурони хориҷӣ ҳастем. Дар баробари мо духтурони тоҷик ва ҳамшираҳои шафқат кор мекунанд.

-Ҳар минтақа, кишвар  бемориҳои ба худ хос дорад.  Хоси Тоҷикистон  кадом бемориҳои чашм аст?

-Дар Тоҷикистон пардаи чашм (катаракта) бештар ба қайд гирифта мешавад. Заминаи пайдо шудани ин беморӣ диабети қанд, фишори баланди  хун, маҳкам шудани рагҳои қафои чашм, илтиҳоби чашм,  оби марворид (глаукома) шуда метавонад. Дар миёни кӯдакон бошад, каҷшавӣ- олусии чашм бештар аст.

-Сабабҳои олусии чашм кадомҳоянд?

-Асосан модарзодӣ аст.

-Бемориҳои чашм  дар Амрико аз Тоҷикистон   фарқ мекунанд?

-То замоне ки ба кор шурӯъ накарда будам,  фикр мекардем, ки фарқ дорад. Вале воқеият ночизии фарқиятро собит намуд. Масалан, дар Хитой, Япония як намуди глаукома аст, ки дар Аврупову Амрико  ва Тоҷикистон кам вомехӯрем. Як намуди микробе, ки дар Ҳиндустон, Африқо вуҷуд дорад, дар кишвари шумо тамоман нест. Глаукомае, ки дар Тоҷикистон зиёд ҳаст, глаукомаи псевдоэксфолиативӣ  ном дорад. Баъзе намудҳои илтиҳоби чашм, ки дар Осиёи Миёна зиёд аст, хусусияти ирсӣ доранд.

-Зиёду кам шудани нури чашм ба чӣ вобастагӣ дорад?

-Омилҳо зиёданд. Аз ҷумла синну сол. Вақте пардаи  чашм ғафстар шуда, андоза ба тарафи манфӣ (-) меравад,  шаҳодат аз пайдоиши катаракта медиҳад. Дар кӯдакон пайдо шудани ин ҳолат хеле паёмадҳои нохуб дошта, оҳиста-оҳиста қувваи биноӣ кам мешавад.

-Чаконидани дору ба биноиши чашм таъсири мусбат мерасонад?

-Вобаста ба беморӣ аст.  То имрӯз илми тиб ягон доруеро ихтироъ накардааст, ки ба ҳамаи беморон таъсири якхела расонад ё пурра бемориро аз байн барад. Ҳар бемориро вобаста ба шакл ва хусусияти он,  доруҳои тадқиқотшударо тавсия медиҳем, то ки ин натиҷаи дилхоҳ ба даст орем. Ҳатто бемориҳое ҳастанд, ки ягон дору фоида намекунад.

-Омилҳое, ки сабаби гирифтори ба бемориҳои чашм мешаванд,   кадоманд?

-Диабети қанд қувваи босираро кам мекунад, ки барои барқарор кардани он худи шахси бемор таъсири мусбат расонида метавонад. Фишори хун низ сабаби гирифторшавӣ ба бемориҳои чашм мешавад. Муътадил нигоҳ доштани қанди хун ва фишори хун,  гирифторӣ ба бемориҳои глаукома, маҳкамшавии рагҳои хунгарди  қафои чашм ва майнаи сарро пешгирӣ мекунад.

-Бемории гурда ба қувваи босира таъсир мерасонад?

-Агар дар натиҷаи бемор будани гурда тамоми бадан варам кунад, метавонад ҳамон варам қувваи биноиро кам мекунад. Як нуктаи муҳимро бояд қайд намоям, ки агар фишори хун баланд шуд,  холестирин  ва фишори гурда низ баланд шуда, рагҳои хурди даруни чашм зарар мебинад. Вале дар алоҳидагӣ  бемории гурда таъсир намерасонад.

-Ҷигар чӣ?

— Дар ҳолати вазнин будани ҳолати  ҷигар , метавонад чашм зарар бинад.

-Аксар одамон шикоят  доранд, ки  дар қисми сафедии чашмашон як пардаи ғафси хурдҳаҷм  пайдо шудааст. Ин беморист?

-Вобаста аз сабаб аст. Бештар аз қисмати наздикии бинӣ сар мешавад. Баъзан вақт оҳиста-оҳиста болои қарния меравад. Агар ба гавҳараки чашм наздик шавад, ҷарроҳӣ лозим аст. Дар сурати хурд будан ва камакак ба сиёҳӣ наздик шуданаш беҳтар аст, нарасед. Зеро дар бисёр маврид  баъди ҷарроҳӣ, ҳатто агар раванди ҷарроҳӣ хеле хуб гузашта бошад ҳам, эҳтимолияти дубора пайдо шуданаш вуҷуд дорад. Шояд аз андозаи пештарааш ҳам калонтар шавад. Як намуди дигарро пигмент мегӯянд, ки сиёҳии  хурд пайдо шуда, худ ба худ гум мешавад. Вале метавонад ҳаҷман калон  шавад. Чунин доғчаҳои сиёҳи хурдҳаҷм дар пӯсти инсон низ дида мешавад ва эҳтимолияти дар чашм пайдо шуданаш низ вуҷуд дорад.

-Вақте ки сар зарба мехӯрад, қувваи бинои якбора гум мешавад, одам чизеро дидан наметавонад. Ин нишони осеб дидани  чашм аст?

-Дар ин ҳолат майнаи сар ё асаби чашм зарар мебинанд. Дар натиҷаи зарб хӯрдани худи чашм агар пардаи қафои шабакия аз ҷой беҷой шавад,  шояд хун ҷамъ шавад. Дар ин маврид муоинаи духтур ҳатмист.

Духтурон  ба беморони чашм  тавсия медиҳанд, ки кори вазнин накунанд. Кори вазнин ба  чашм чӣ иртибот дорад?

— Тадқиқотҳо асоснок будани ин тавсияро собит накардаанд.

-Сабаби камшавии бармаҳали қувваи босира кадом аст?

-Норасогии модарзодӣ, дистрофия. Яъне дар аввал биноии кӯдакон хуб аст ва баъзан вақт хира мешавад.  Дар баъзе инсонҳо  то 20-30 — солагӣ давом мекунад, ки мутаассифона муолиҷа намешавад.  Як сабаби дигар камшавии қувваи босира зарб хӯрдани чашм аст.

-Меъёри  фишори дохилии чашм (ФДЧ)  қувваи босира чанд аст? Агар зиёд ё кам  шавад, чӣ паёмадҳо дорад?

-Меъёри муайяншудаи умумиҷаҳонӣ то 21м.м обӣ аст. Аз ин зиёд  аллакай баланд аст. Агар пардаи шишамонанди қарнияи  чашм тунук бошад, (меъёр 540 — 545 микрометр)  21 аллакай баланд мебошад. Агар асаби чашм зарар дида бошад,  фишори дохилии чашм пасттар аз 15 бошад. Ғафсии қарния аз 600 мкл зиёд бошад, меъёр то 24-25м.м.к. аст.   Фишори чашм ба асаби босира зарари ҷиддӣ мерасонад, сактаи мағз, омоси мағзи сар, мененгит, энсефалит ба қувваи босираро паст мекунанд.

-Нишонаҳои фишори чашм кадомҳоянд?

-Фишори дохилии чашм дар аввал нишонаи асосӣ ва ягона надорад. Ин хоси оби марвориди намуди кунҷкушода аст. Бемор то дергоҳ намефаҳмад, ки чашмаш фишор дорад. Чӣ хеле қайд кардем, фишори чашм 21-22 аст. Агар ҳамин андоза дар оби марвориди кунҷпӯшида 50 шавад, дард пайдо мешавад. Дар ин ҳолат оҳиста-оҳиста майдони биниш тангтар мешавад. Одамон хеле дер мефаҳманд, ки биноишашонро гум карда истодаанд. Агар оби марворид (глаукома) дар ягон пайванди онҳо бошад, хатари гирифторшавӣ зиёд аст. Чунин нафарон бояд то 40-солагӣ ҳатман фишори чашмашонро санҷанд. Ҳамчунин одамони гирифтори фишори баланди хун, тамокукаш, наздикбин (меопия), дурбин (гипропия), калонсолон бештар моил ба бемориҳои чашм мебошад. Дар намуди  глаукомаи кунҷпӯшида   фишори чашм якбора  баланд шуда,  сурхшавии чашм, дилбеҳузурӣ, дард пайдо мешавад.

-Сӯзиш ва сурхшавии чашмро чӣ меноманд ва муолиҷаи он чӣ гуна аст?

-Яке аз  сабабҳои сурхшавии чашм  хушк шудани оби чашм аст. Дар ин ҳолат сари вақт ба духтур муроҷиат кунед.

-Сабаби хушкшавии оби  чашм дар чист?

-Илтиҳоби чашм яке аз сабабҳои хушкшавӣ мегардад. Оби чашм аз се қабат моеъ иборат аст. Қабати якум равған, дуюм об, сеюм мутсин  вуҷуд дорад. Аз норасогии яке аз ин моеъҳо хушкии оби чашм ба вуҷуд меояд.

-Бонувон барои тоза кардани рангҳои ороишии чашм маҳлулҳои гуногунро истифода мебаранд. Он ба нури чашм зарар мерасонад?

— Не.

-Сабаби халта задани зери чашм чист?

-Баъзан модарзодӣ. Дар гирди чашм равғанҳо вуҷуд дорад, ки онро пардаи тунук нигоҳ медорад. Дар ҳолати каме суст шудан ё поён фаромадани парда, равған дар зери чашм ҷамъ мешавад. Дар ҳолати бемор будани гурда низ зери чашм халта мезанад.

-Гиряи зиёд ба чашм зарар дорад, мегӯянд.

— Намедонам. Дар ин маврид тадқиқот вуҷуд надорад.

-Аз рӯи кадом нишонаҳо нобино будани тифли навзодро муайян кардан мумкин аст?

-Аз рӯи бозичаҳо метавонем то кадом андоза фаъол будани  қувваи босираи кӯдакро муайян созем.  Бозичаро бозӣ медаронем ва мебинем, ки кӯдак ба ҳар ду чашм нигоҳ мекунад ё бо яктоаш. Агар қувваи биноиш кам бошад, ба бозича аҳамият намедиҳад. Барои навзодон  усули дигар, яъне  равшаниро истифода мебарем. Дастамонро ба чашм наздик мекунем, агар пӯшад, маълум мешавад, ки биноиш дорад.  Дар ҳолати каме калон будани кӯдак, шакли бозичаҳоро нишон медиҳем, то ки муайян кунад, се кунҷ дорад ё доирашакл аст, ба ҳамин монанд.

-Аз шахси нобино фарзанди солим ба дунё меояд?

-Албатта. Баъзе сабабҳои нобиноӣ авлодӣ аст, ки ба кӯдакон мегузарад, ҳолатҳое мешавад, ки намегузарад. Пайдо шудани амблиобия дар майнаи кӯдак, сабаби камбиноӣ шуда метавонад. Барои ҳамин бояд сабаби кам будани қувваи босира  муайян карда шавад.

-Занҳои ҳомиладор агар зуком шаванд,   ба қувваи босираи ҷанин таъсири манфӣ мерасонад?

-Вобаста аз микроб аст. Зукоми одӣ таъсир намерасонад. Микробҳое ба монандӣ рубелла, герпис, сифлис агар дар ин ҳолат ба бадани модар ворид шавад, бетаъсир намегузорад.

-Издивоҷи хешутаборӣ ба қувваи босира таъсир дорад?

-На ҳама вақт. Вале хатари гирифторшавӣ аз никоҳи хешутаборӣ зиёд аст. Зеро намуди дистрофия модарзодӣ аз насл ба насл мегузарад. Дар сурати хешу табор хонадор шудан, ҳам дар мард ва ҳам дар зан аз наслашон боқӣ мондааст ва ба тифли аз онҳо ба дунёомада хавфи зиёди беморӣ зиёд вуҷуд дорад.  Каҷшавии чашм ва пайдошавии пигментҳо дар чашм низ аз никоҳи хешутаборӣ бештар пайдо мешавад.

— Дар ҳавои сард, шамол аз чашмони баъзе одамон об меравад. Сабаб чист?

-Сабабҳои гуногунанд. Хушкшавии чашм яке аз сабабҳост, яъне шамол оби чашмро хушк мекунад ва барои барқарор кардани намнокӣ баъзан аз чашм об беист об мерезад.

Шумо муҷаррадед?

Не, ҳамсар дорам.

-Ҳамсаратон ба кадом кор машғул аст?

-Ӯ хонашин аст, фарзандонамонро таълим медиҳад.

-Фарзандонатон дар куҷо таҳсил мекунанд?

-Фарзанди калониам дар Амрико дар донишгоҳ таҳсил мекунад. Дуи дигараш дар мактаби миёнаи шаҳри Душанбе . Онҳо ба забони тоҷикӣ, дар мактаби тоҷикӣ таҳсил мекунанд, дар хона ҳамсарам ба англисӣ дарс медиҳад.

RS. Брайн Ле Зерби, духтури бемориҳои чашм, зодаи Амрико мебошад. Давраи кӯдакии ӯ дар Ню Йорк гузаштааст. Хатмкардаи Донишгоҳи тиббии “Rochester” мебошад. Оиладор, соҳиби чор фарзанд  аст.  Соли 2011 клиникаи “Солимӣ Мед”  дар Тоҷикистон бо дастгирӣ ва талошҳои ӯ кушода шуд. Муддати 8 сол мешавад, ки беморону мизоҷони тоҷикро муоина, муолиҷа мекунад. 

 Мусоҳибон

Ш. Ҳамдампур,

М. Давлатова

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *