Ду мурда дар роҳи Восеъ ва Шаҳристон

Рӯзи 18-уми январи соли 2019, тахминан соатҳои 23:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Тӯраев Комрон Асламқулович, соли таваллудаш 1990, сокини шаҳри Кӯлоб, ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Восеъ ба самти шаҳри Кӯлоб, дар ҳудуди кӯчаи У.Хайёми ноҳияи Восеъ, аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Муродов Шералӣ Одинамаҳмадович, соли таваллудаш 1964, сокини ноҳияи Ш.Шоҳинро пахш намудааст.

Дар натиҷа, Муродов Ш.О. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Рӯзи 19-уми январи соли 2019, тахминан соатҳои 17:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «КАМАЗ», Алиқулов Шерзод Тӯлқинҷонович, соли таваллудаш 1994, сокини шаҳри Истаравшан, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи «Душанбе-Хуҷанд-Чанноқ», дар ҳудуди ноҳияи Шаҳристон, аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», таҳти идораи Расулов Маҳмадзамир Маҳмадраҳимович, соли таваллудаш 1984, сокини ноҳияи Айнӣ, бархӯрдааст.
Дар натиҷа, мусофири автомашинаи тамғаи «Опел-Астра» Атобуллоев Иномиддин Каримович, соли таваллудаш 1970, сокини ноҳияи Айнӣ, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Мусофирони дигари автомашинаи мазкур шаҳрвандон: Шодмонов Муллонасим Шодибоевич, соли таваллудаш 1974 ва Муҳиддинов Абдулхайр Қамарович, соли таваллудаш 1966, сокинони ноҳияи Айнӣ, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

ВКД

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *