Амрикоии 27 сола ба чашми тоҷик корд зад

Як шаҳрванди 27-солаи Амрико дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия ба чашми як шаҳрванди 32-солаи Тоҷикистон корд задааст. Шаҳрванди тоҷикро бо чашми захмӣ ба бемористон ва амрикоии ҷопонитаборро ба боздоштгоҳ бурдаанд.
Манбаи ин хабар – нашрияи “Фонтанка”-и чопи Петербург аз қавли мақомоти пулис хабар дод, ки муноқишаи байни ин амрикоиву тоҷик шоми 20 апрел дар як ҳостел дар кӯчаи Казанская рух додааст. Шаҳрванди Амрико ба пулис гуфтааст, ки рӯзи 2 апрел ба Петербург омада буд, то дар ин ҷо ягон коре пайдо карда, дар Русия зиндагӣ кунад. Ба зидди ӯ бо иттиҳоми “авбошӣ” парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд. Ба ин шаҳрванди Амрико акнун то 5 соли зиндон таҳдид мекунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *