Душанбе: Намоишгоҳи автомобилҳои коллексионии «Авто Ретро — Душанбе» баргузор мегардад

Бахшида  ба 72-юмин солгарди  Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 дар шаҳри Душанбе  Фестивал-намоишгоҳи панҷуми «Авто Ретро- Душанбе» баргузор мегардад. Дар ин бора имрӯз қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба тасвиб расид.

Фестивал-намоишгоҳ 6 майи соли ҷорӣ (рӯзи шанбе) аз соати 8:00 то 18:00 дар ҳудуди меҳмонхонаи «Ҳаятт Реҷенси Душанбе» ва ҶДДМ «Кохи Наврӯз»-и пойтахт доир карда мешавад.

Дар ин фестивал мошинҳои қадимаи истеҳсоли Иттиҳоди Шӯравӣ, Аврупо ва Амрико ба маърази тамошо гузошта мешаванд.

“Дар Ғарб чунин намоишгоҳҳо-фестивалҳоро «олдтаймер-галлерея» меноманд. «Олдтаймер» калимаи англисӣ буда, «қадима, мошини нодир» тарҷума мешавад ва одатан мошинҳоеро, ки беш аз 30 сол пеш истеҳсол шудаанд, ифода  мекунад. Бинобар ин, меҳмонони Фестивал-намоишгоҳи панҷуми «Авто-ретро Душанбе»  метавонанд аз тамошои ретро-мошинҳои нодир ва тамошобоби тамғаҳои «Победа», «Москвич», «Волга», «Запарожец», «Лада», «Volkswagen», «Ford», «Chevrolet» «Pontiac» ва албатта, «Mercedes-Benz», ки дар Ғарб рамзи асосии ҳаракати дӯстдорони олдтаймерҳо маҳсуб мешавад, ҳаловат баранд.”-омадааст, дар иттилоия дастандаркорони ин Фестивал.

Ёдовар мешавем, ки нахустин ретро-намоишгоҳи мошинҳо дар Душанбе моҳи апрели соли 2013 баргузор шуда буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *