Духтари Оғохон-Заҳро ба Душанбе омад

  Малика Заҳро Оғохон, духтари Оғохони 4, роҳбари исмоилиёни ҷаҳон 24-уми апрел бо сафари кории серӯза вориди Душанбе шуд.

Тибқи иттилои Фируза Ғуломасейнова, мутасаддии алоқа бо ВАО-и Ташкилоти Оғохон, Малика Заҳро аз лоиҳаҳои “AKDN” дар масоили коҳиши сатҳи камбизоатӣ, рушди иқтисодӣ, соҳаи маориф ва тандурустӣ дидан хоҳад кард. Ӯ зимни сафараш ҳамчунин бо намояндагони мақомоти расмии Тоҷикистон ва роҳбарони шабакаҳои Ташкилоти Оғохон оид ба рушд вомехӯрад.

Малика Заҳро масъулияти идориро дар соҳаи тандурустӣ, маориф ва муҳити зисти Ширкатҳои Хизматрасонии Ташкилоти Оғохон оид ба рушд ва муассисаҳои он дар 12 кишвари рӯ ба тараққӣ ба зимма дорад.

Ташкилоти Оғохон оид ба рушд яке аз оҷонсиҳои хусусӣ, ғайридавлатӣ ва ғайридинӣ буда, ба ҷамоатҳову афрод барои беҳтар намудани шароити зист ва фароҳам овардани имконияти хуб, бахусус дар давлатҳои Африқо, Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ ва Шарқи Наздик саҳмгузорӣ менамояд.

Буҷаи солонаи Шабака барои рушди иҷтимоӣ тақрибан 600 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Дар Тоҷикистон наздик ба 3 ҳазору 500 нафар, ки аксарияташон шаҳрвандони маҳаллӣ мебошанд, дар сохторҳои мухталифи Ташкилоти Оғохон оид ба рушд дорои вазифаву ҷои кор мебошанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *