Сару тан, пой ва дастҳои тоҷикбачаро кӣ бурид?

Сари аз тан ҷудои Далер Маматхонов, сокини 36-солаи ноҳияи Ҷаббор Расуловро рӯзи 22 апрел ва ду дасту ду пои ӯро 18 апрел пайдо кардаанд. Боқӣ аъзои бадани ин муҳоҷири тоҷикро, ки шоми 15 апрел рабуда шуда буд, то ҳол пайдо накардаанд.

Фарҳод Эргашев, бародари Далер Маматхонов мегӯяд, ки Далерро шоми шанбе, 15 апрел аз маҳалли зисташ дар рустои Сухаревои вилояти Маскав маҷбуран ба як мошин савор карда бурдаанд ва онҳо танҳо баъди чанд рӯз ду дасту ду по ва сипас сари низ аз тан ҷудои бародарашро дар минтақае байни шоҳроҳҳои Дмитровское ва Ленинградское пайдо кардаанд.

Фарҳод Эргашев мегӯяд, он шаб бояд ҳамсари Далер аз Тоҷикистон меомад ва Фарҳод барои пешвоз гирифтани ӯ ба фурудгоҳ рафтааст. Далер гуфтааст, ки ӯ дар хона барои омадани ҳамсараш тайёрӣ хоҳад дид. Фарҳод Эргашев меафзояд: «Мо соатҳои баъди 12-и шаб расидем ба хона. Телефону шиносномааш рӯи миз буд, ҳатто телевизиор рӯшан буд, вале худаш набуд. Дигар ҳамхонаҳояш гуфтанд, ки Далер бо либоси хонагӣ берун баромадааст. Вале ӯ дигар барнагашт. Мо ду дафъа ба пулиси маҳаллӣ муроҷиат кардем. Пулиси Сухарево гуфт, бемористонҳоро кобед. Бо як по ҳамаи бемористонҳоро гаштем, нест.”

Танҳо рӯзи 18 апрел кормандони пулиси шаҳри Дмитров Фарҳод Эргашев ва дигар ҳамхонаҳои бародарашро ба бозпурсӣ даъват карда, дар онҷо гуфтаанд, ки дар як мавзеи бо номи «Бетонка” дар ҷое, ки шоҳроҳҳои Дмитровское ва Ленинградское ба ҳам пайваст мешаванд, ду дасту ду по пайдо кардаанд. Ин аз ҷое ки Далер Маматхонов зиндагӣ мекард, 30 километр дуртар аст.

Фарҳод мегӯяд: «Вақте ба ман аксҳои ин ду дасту ду поро нишон доданд, маро боварам наомад, ки ин аз бародари ман бошад. Вале пулис гуфт, ки мо изи ангуштонашро санҷидем, ин Далер Маматхонов, яъне бародари туст.”
Баъди ин, Фарҳод бо дигар бачаҳои тоҷик худашон низ ба ҷустуҷӯи ҷасади Далер Маматхонов пардохтаанд. Ӯ мегӯяд: «Рӯзи шанбе, 22 апрел сари аз тан ҷудояшро дар даруни халта ёфтем. Дар ҳамон роҳе, ки қаблан ду дасту ду пои ӯро пайдо карда буданд. Корманди пулис гуфт, ду дасту ду пои ӯро аз мошин ба берун ҳаво додаанд ва онҳо ин 4 қисми бадани Далерро дар фосилаи 10 километр якто-якто пайдо кардаанд. Яъне қотилон мошинро оҳиста ронда, як-як аъзои пора-пора кардаи бадани Далерро аз тиреза ба канори роҳ ҳаво додаанд.”

Фарҳод Эргашев мегӯяд, баъди ёфтани сари буридаи Далер боз қариб 50 километри дигар ду канори он роҳро ҷустуҷӯ кардаанд, вале то ҳол бадани ӯро наёфтаанд.

Далер Салоҳиддинович Маматхонов, санаи таваллудаш 23 марти соли 1981, се фарзанд дошт ва дар вилояти Маскав кори сохтмон мекард. Далер одами сарватманде набуд, ки ӯро барои пулу молаш кушта бошанд. Ӯ ҳатто имкони иҷора гирифтани як хонаи алоҳидаро надошт ва дар як манзил бо як гурӯҳи дигар аз муҳоҷирони корӣ аз Тоҷикистон ба таври шарикӣ иҷора менишаст.

Пулис гуфтааст, то ҳол ягон нӯги риштаи ин қазияро, ки ба ошкор кардани қотилони ин муҳоҷири тоҷик кумак кунад, наёфтааст. Пулис танҳо гуфтааст, ки ба эҳтимоли ғолиб, Далерро ибтидо куштаанд ва баъди чанд рӯз барои пӯшондани изи ҷинояти худ ҷасади ӯро бо ягон асбоби қавӣ, мисли «болгарка” ба чанд қисм ҷудо карда ва дар канори роҳ партофтаанд.

Фарҳод мегӯяд, ҳоло танҳо чизе ки мехоҳад ин аст, ки ақалан он аъзои бадани ёфтшудаи бародараш – ду дасту ду по ва сари ӯро ба вай бидиҳанд, то барои гӯру чӯб ба Тоҷикистон барад.

Фарҳод мӯътақид аст, ки «куштори бародари ман бо чунин бераҳмӣ метавонад кори дасти гурӯҳҳои миллатгаро бошад, чунки ӯ на молу пул дошт ва он шаб ҳам бо либоси хонагӣ ва ҳатто бе паспорту бе телефон аз хона берун рафта буд, ки барои омадани занаш тайёрӣ бинад.”

Далер ба Фарҳод гуфтааст, ки бояд аз ҷумла мӯйисарашро ба тартиб биорад. Бехабар аз он ки сарашро аз танаш ҷудо хоҳанд кард…

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *